Восеъ: Омодагӣ ба зимистон

Сентябрь 25, 2014 11:52

Восеъ, 25.09.2014.  (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).- Дар ноҳияи  Восеъ аз ҷониби кормандони Муассисаи нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳия  таъмири роҳҳо ба таври мукаммал роҳандозӣ гардида, инчунин ба мавсими зимистон тайёрии ҳамаҷониба дида истодаанд. 
Тавре ки сардори муассисаи мазкур Қурбоналӣ Ҳикматуллоев иброз дошт, дар айни ҳол дар корхона 350 метри кубӣ  омехтаи қуму намак, 7 метри кубӣ ҳезум, 2400 л сӯзишвории дизелӣ, 100 л равғани молиданӣ ва дигар  маводи зидди лағжиш захира гардидааст, ки барои зимистонгузаронӣ кифоя мебошад.
Ба гуфтаи манбаъ,  дар корхона  зиёда аз  10 техникаи ёрирасон фаъолият намуда, то ин ҷониб  дар масоҳати 110 км  таъмири ҷорӣ гузаронида шуд, ки маблағи он  170 000 сомониро ташкил медиҳад. Дар айни ҳол кормандони муассиса ба таъмири роҳҳои ҷумҳуриявии  Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ ва Восеъ Темурмалик сафарбар гардида, тасмим гирифтаанд  то охири моҳ таъмири роҳҳоро ба анҷом расонанд.
 
Зарар аз сӯхтор-зиёда аз 4 миллион
 
Кӯлоб, 25.09.2014.  (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).- Ба иттилои  сардори шуъбаи Хадамоти оташнишонии минтақаи Кӯлоб Ҳамзақул Нодиров  дар 8 моҳи соли ҷорӣ дар минтақа  92 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шуд, ки зарари он 4 млн 246 ҳазору 628 сомониро дар бар мегирад. Сӯхтор бештар дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Фархор, Восеъ ва Данғара ба қайд гирифта шуда, сари вақт аз тарафи кормандони хадамотҳои оташнишонӣ пешгирӣ гардида, дар натиҷа ба маблағи 136 млн 139 ҳазору 725 сомонӣ молҳо аз сӯхтор  эмин дошта шуданд.
Гуфта мешавад  дар  айни ҳол  масъулини  хадамотҳои оташнишонӣ дар муассисаҳои таълимӣ, ҷамоатҳои шаҳру деҳот вохӯрӣ доир намуда, оид ба пешгирии сӯхтор, истифодаи дурусти таҷҳизоти газӣ  ва барқӣ, инчунин назорати қатъии кӯдакон  суҳбат оростанд.
 

Сентябрь 25, 2014 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад