10 кг ҳашиш дар мошинҳои гуногунтамға

Октябрь 23, 2014 14:55

Душанбе, 23.10.2014.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Мақомоти полис дар дидбонгоҳи доимии “Сурхоб”-и ҳудуди ноҳияи Ҳамадонӣ  ҳангоми азназаргузаронии бағоҷи мошини тамғаи “Opel Astra”, рақами давлатиаш ТҶ 61-15 АК 03 ба миқдори 3 килою 600 грамм маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира намуданд. 
Мошини боздоштгардида ба сокини ҳамин ноҳия Маҳманазар Насимови 28-сола, ки пеш суд шудааст, тааллуқ дорад. 
Ҳамчунин  кормандони РВКД дар шаҳри Душанбе дар кӯчаи Маяковскии пойтахт шаҳрванд Айёмиддин Абдуллоеви 26 сола, ки  муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе аст, бо гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир намуданд. 
Дар вақти азназаргузаронии мошини шахсиаш тамғаи “ Toyota Mark II ”, рақами давлатиаш ЕН  73-71 01 РТ аз дохили бағоҷи он 5 килою 148 грамм маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира шуд.
 Дар кӯчаи Айнӣ шаҳрванд Собир Шомаҳмадови 33-сола,   муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе дастгир  шуд. Зимни азназаргузаронии хонаи истиқоматиаш аз дохили ҳаммом зиёда аз 2 кило   маводи нашъадори ҳашиш дарёфт гардид.
Тайи ин ду рӯз, аз 21 то 23 октябр маводи нашъадори мусодирашуда дар маҷмӯъ 10 килою 826 граммро ташкил дод.
Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.  

Октябрь 23, 2014 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад