Ғолибони «Дидор» муайян гардиданд

Октябрь 21, 2014 11:36

 
Душанбе, 21.10.2014. (АМИТ «Ховар», Манижа Баҳромзода) Синамобазми шашуми байналмилалии «Дидор» дирӯз,  20-уми октябр дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид. Дар  маросими пӯшидашавии «Дидор» синамогарони Осиёи марказӣ, Арманистон, Гурҷистон, Озарбойҷон, Русия, Афғонистон, Эрон ва Тоҷикистон ширкат намуда, бо ҷоизаҳои махсус қадрдонӣ  шуданд.
     Шоҳҷоизаи синамобазми «Дидор» ба филми «Имтиҳон» («Испытание»)-и коргардон Александр Котт аз Федератсияи Русия барои беҳтарин филми пурраметражи  ҳунарӣ дода шуд. Мақоми дуввум насиби филми «Динола»-и коргардон  Марям Хатчавали аз  ҷумҳурии Гурҷистон барои беҳтарин филми кӯтоҳметражи ҳунарӣ гардид ва мақоми сеюмро филми «Қиссаҳои бачаи шӯхи беқарор»-и коргардонҳо Ҳодим Ҳусайн ва Вайс Санҷар аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон барои  ҷавонтарин  коргардони филм касб кард. Инчунин  Ҷоизаи махсуси дафтари СММ дар Тоҷикистон «Барои инъикоси ормонҳои башардустӣ» ба Саъдулло  Раҳимов,  арт-директори синамобазми байналмилалии «Дидор», ҷоизаи махсуси намояндагии «Россотрудничество» барои намоиши филми ҳуҷҷатии  Владимир Ерофеев ба Сергей Каптерев ва ҷоизаи махсуси ширкати «Рухом» барои  беҳтарин филми  мустанад ба Аловуддин  Абдуллоев аз Тоҷикистон  тақдим гардид.
      Синамобазми шашуми байналмилалии «Дидор» соли 2004-ум  таъсис ёфта, имсол даври шашуми он ба бузургдошти  110- солагии Комил Ёрматов-асосгузори синамои Тоҷикистон ва Ўзбекистон бахшида шуд.
 
 
 

Октябрь 21, 2014 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад