Қадршиносии фарзандони фарзонаи миллат- шарофати истиқлолият
Душанбе, 4.10.2014. (АМИТ “Ховар”).- “Яке аз афзалиятҳои барҷастаи замони истиқлолият ин аст, ки имрўз мо имкони бештару беҳтари қадршиносӣ кардан ва ҳамзамон бо ин, муаррифӣ намудани фарзандони фарзонаи миллати соҳибтамаддунамонро ба ҷаҳониён дар ихтиёр дорем”, — гуфт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 4 октябр дар суханронии хеш бахшида ба ҷашни 600-олагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ.
Вай афзуд, ки: “Тавре олимони ҷомеашинос хулоса мекунанд, дар асри пуртазоди мо минбаъд унсури калидии ҳувият ва истиқлол на идеологияҳои сохта ва равандҳои маҳдуди мафкуравӣ, балки тамаддун ва гуфтугўи тамаддунҳо хоҳад буд. Бешак, умумияти фарҳангӣ аз ҳар навъ иттиҳоди идеологӣ бартар аст ва маҳз тамаддун ва посдории арзишҳои волои инсонӣ метавонад башариятро аз буҳрон ва касодии маънавӣ раҳоӣ бахшад. Ба ин хотир, баргузории солгарди бузургони илму адаб ва сиёсату фарҳанги миллӣ, қадрдонӣ ва ҳифзи мероси адабиву фарҳангӣ аз рукнҳои асосии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистони соҳибихтиёр ба шумор меравад”.
Маврид ба зикр аст, ки дар 23 соли соҳибистиқлолӣ мо тавонистем, ки як силсила маъракаҳои муҳими илмиву адабӣ ва фарҳангиро бо иштироки донишмандон ва коршиносони маъруфи ватаниву хориҷӣ дар сатҳи баланди байналмилалӣ баргузор намоем.
Таҷлили ҷашни бошукўҳи 1100-солагии Давлати Сомониён, 2700 — солагии китоби муқаддаси «Авасто», ҳазораи «Шоҳнома», 1310-солагии Имоми Аъзам, бузургдошти Борбади Марвазӣ, устод Рўдакӣ, ибни Сино, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Камолиддин Беҳзод, Мирсайид Алии Ҳамадонӣ, устод Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров аз ҳамин қабиланд.








Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






