Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот меафзояд
Душанбе, 22.10.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Тайи 9 моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ба маблағи 7 миллиарду 80 миллиону 400 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуда, ҳаҷми тавлиди он нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 – ум 105,6 фоизро ташкил дод. Дар ин бора аз Агентии омори Президенти ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар давраи ҳисобот аз ҷумлаи 1143 корхонаҳои саноатӣ 184 тоашон фаъолият надоштанд, ки ин 16 фоизи шумораи умумии онҳоро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон тайи 9 моҳи соли ҷорӣ истихроҷи ангишт, маводи сохтмонӣ, намаки ошӣ, ҳасиб, маҳсулоти ширӣ, макарон ва маснуоти қаннодӣ, пойафзоли бачагона, маводи сухти дизелӣ, семент ва маснуоти фулузию пластикӣ афзуда, ҳамзамон истихроҷи нафту газ, истеҳсоли консерв, панир, меваи хушк, нахи пахта, оҳак, тахтаҳои мармарӣ ва ғайра коҳиш ёфтааст.








Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






