Ҳадаф: пешгирии ҷинояткорӣ миёни ҷавонон

Октябрь 10, 2014 10:53

Душанбе, 10.10.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Дирӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (ДДОТ) ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо донишҷӯён баргузор гардид.
Тавре ки котиби матбуоти донишгоҳ  Бахтиёри Абдураҳим иттилоъ дод, дар ҷаласаи мазкур муовини сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Эмомалӣ Гулов дар мавзӯи «Пешгирии хариду фурӯши маводи мухаддир байни донишҷӯён» маърӯза карда, дар бораи вазъи ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, хусусан дар байни донишҷӯёни макотиби олии кишвар ва тадбирҳои андешидашудаи кормандони милитсия дар ин самт мухтасар маълумот дод. Зикр гардид, ки дар давраи нӯҳ моҳи соли ҷорӣ вобаста ба даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир 895 шаҳрванд дастгир шудаанд, ки 359 нафарашро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар ин муддат 5 донишҷӯ низ бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир шуд, ки аз онҳо миқдори муайяни маводи мухаддир мусодира гардид. Зарур аст, ки баҳри пешгирии даст задани ҷавонон ба ин зуҳуроти номатлуб дар якҷоягӣ кор бурда шавад.
Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки ҷавонон ояндаи давлату миллат буда, ободӣ ва пешрафту тараққиёти кишвар аз онҳо вобастагӣ дорад. Онҳо бояд вақти таҳсили худро танҳо дар омӯхтани илму дониш сарф намуда, ба беҳудагардию шиносоӣ бо ашхоси тасодуф роҳ надиҳанд. Дар мубориза ва муқовимат бо ҷинояту ҷинояткорӣ ҳамеша метавонанд ба мақомоти милитсия такя кунанд.
Ҳамчунин дар ин чорабинӣ муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии донишгоҳ Искандар Аминов дар бораи бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни донишҷӯён ва тадбирҳои андешидашуда дар самти муқовимат бо ҷинояткорӣ сухан гуфт.  Кормандони Вазорати корҳои дохилӣ мунтазам бо донишҷӯён вохӯриҳо мегузаронанд, ки ҳадаф аз ин вохӯриҳо  пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва дигар кирдору амалҳои номатлуб дар байни донишҷуён мебошад.     
 
 
 

Октябрь 10, 2014 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад