Ҳафтаи таҳсилоти калонсолон дар Тоҷикистон

Октябрь 16, 2014 16:32

Душанбе, 16.10.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Аз 20-ум то 24-уми октябри соли равон дар Душанбе ҳафтаи таҳсилоти калонсолон доир мегардад. Хафтаи таҳсилоти калонсолон аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии  «Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон» (АТКТ) дар якҷоягӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Иқтидор» созмон ёфтааст.
Ба ин хотир дар шаҳри Душанбе аз 20-ум то 24-уми октябр як силсила  чорабиниҳо баргузор мегарданд. 
20-уми октябр Ҳафтаи таҳсилоти калонсолон дар Маркази исмоилия ифтитоҳ гардида, худи ҳамин рӯз дар марказ ярмаркаи таълимӣ, нишасти матбуотӣ ва рӯнамоии маҷаллаи (солномаи) АТКТ «Таҳсилоти калонсолон дар Тоҷикистон», Тренинг барои аъзои ТҶ «АТКТ» доир мегардад.
21 -уми октябр дар Осорхонаи миллӣ Рӯзи таҳсилоти калонсолон, намоиши филми кӯтоҳметраж ва муҳокимаи он баргузор мегардад. Дар ин рӯз ҳамчунин дар МД «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон» барномаи «Шомҳои Душанбе», суҳбат дар атрофи мавзӯи «Ширкати калонсолон дар таҳсилот: омор, ҳавасмандӣ, сиёсат доир мешавад.
Рӯзи 22-юми октябр дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи «Дурнамои рушди самтгирии касбӣ (тадбирҳои интихоби касбу ҳунар) дар Тоҷикистон» доир мегардад.
Ҳамчунин 23-юми октябр дар МД «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон» баргузории мизи гирд дар мавзӯи «Консепсияи рушди таҳсилоти калонсолон дар Тоҷикистон» дар назар дошта шудааст.
Баргузории чорабиниҳо бахшида ба ин рӯз дар шаҳри Хоруғ 23-юми октябр дар назар дошта шудааст.
Дар шаҳри Кӯлоб чорабиниҳо ба тарғибу ташвиқ ва оммавӣ гардонидани таҳсилоти калонсолон рӯзи 24-уми октябр баргузор мегарданд.

Октябрь 16, 2014 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад