Ҳамлаи ногаҳонии «Толибон» ба Сари Пул

Октябрь 15, 2014 16:24

   Душанбе, 15.10.2014. (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ).-Дирӯз дар пойтахти Ироқ шаҳри Бағдод бар асари таркиши  мудҳиши навбатӣ 35 нафар  ҷон бохта, чанд каси  дигар  ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошт. Мувофиқи иттилои расида, ду мошини сабукрави ҳомили  муҳимоти таркандаро дар яке аз роҳҳои нақлиётгарди наздик ба биноҳои зист ва марказҳои тиҷоратӣ тавассути дастгоҳи идоракунандаи фосилавӣ инфиҷор додаанд. То кунун ягон гурўҳ ин амали фоҷеаангезро бар уҳда нагирифтааст. 
 
Душанбе,15.10.2014. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои  Вазорати мудофиаи миллии Алҷазоир ҳафтаи равон ҳавопаймои  зарбазани неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии кишвар ба шикаст дучор омад. Бо мақсади муайян намудани  сабабҳои  суқути  ин ҳавопаймои ҷангӣ аз миёни   мутахассисони варзидаи  Вазорати мудофиаи миллӣ  дастаи  махсус  таъсис ёфта, ба тафтишу санҷиш шурўъ кард. Гуфта мешавад, ки   дар вақти ҳодиса ҳар ду  сарнишини  ҳавопаймо қурбон шудааст. 
 
Душанбе, 15.10.2014. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Афғонистон дар яке аз минтақаҳои кӯҳии вилояти Сари Пули қисми шимолии кишвар як гурўҳ ҷангиёни ҳаракати «Толибон» сарбозони неруҳои амниятии кишварро  бо ҳамлаи  ногаҳонӣ дар ғафлат  гузоштанд. Гуфта мешавад, ки дар пайи  ҳамлаи мазкур  22 сарбози кишвар  кушта шуда, 8 нафари дигар ҷароҳат бардошт. 
 
Душанбе,15.10.2014. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои Би-Би-Си вазъият дар қисми ғарбии Либия то ҳанўз ноорому номуътадил аст.  Аз ҷумла, дар  пойтахти  кишвар — шаҳри Триполи миёни неруҳои артиши давлатӣ ва гурўҳи силоҳбадастон задухўрди шадиди таслиҳотӣ ҷараён дорад. Кормандони сохторҳои қудратии Либия бо мақсади ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар ва фурў нишондани мавҷи фишору муқовиматҳои гурўҳҳои гуногуни мусаллаҳ амалиёти навро ба роҳ мондаанд.  
 
Душанбе,15.10.2014. (АМИТ «Ховар»).-Шабакаи интернетии ИтарТас менависад, ки шумораи қурбониёни обхезӣ дар  минтақаҳои гуногуни  иёлати Ҷамму ва Кашмири  Ҳиндустон то имрӯз ба 370 нафар расидааст.  Бояд гуфт, ки бисёри фавтидагон занон ва кӯдаконанд.
 
Душанбе,15.10.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дар минтақаҳои  шимолу шарқии Япония тўфони шадиди  «Вонфон» ба  амал  омада, харобиҳои зиёдро дар пай овард. Зимни офати табиӣ  2 нафар ба ҳалокат расида, 94 каси дигар ҷароҳати гуногун бардошт. Мувофиқи иттилои Муассисаи ҳавосанҷӣ, суръати шамол дар маркази тўфон 75 километр дар як соатро ташкил медод. 
 
Душанбе,15.10.2014. (АМИТ «Ховар»).-Шаби гузашта дар  ҳарими ҳавоии шаҳри Мелбурни Австралия ҳавопаймои хурд ба фалокат дучор омада, дар яке аз нуқтаҳои маъмурии аҳолинишини қисми ҷанубу шарқӣ  ба болои як манзили зист сарозер гардид. Дар бораи қурбоншудагон ва осебдидагони  ҳодиса  ягон маълумот нест. 
 
 

Октябрь 15, 2014 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд