Ҳамлаи роҳзанона ба маркази сӯхти «Умед — 88»

Октябрь 20, 2014 12:44

Душанбе, 20.10.2014. (АМИТ «Ховар»). — Шаби  16  октябр  якчанд  нафар  шахсони  ниқобпӯш  ба  кормандони  маркази  маводи  сӯхти «Умед — 88» воқеъ дар  кӯчаи  Шестопалови  шаҳри Душанбе ҳамла оварданд.
Назар  ба  хабари  ВКД  ҶТ,  шахсони   гумонбар кормандони  маркази  мазкурро  латукуб ва  захмӣ  намуда,  шишаҳои  бинои  марказро  шикаста  вориди  он  шуда,  беш  аз 4  сомониро аз  худ   намуда,  аз ҷойи ҳодиса ғайб  заданд.
Кормандони  шуъбаи  ВКД ноҳияи  Синои  пойтахт сокинони  ноҳияи  Ҳисор  Фарҳод  Абдуллоеви  23 —  сола ва Баҳрулло Мустафоқулов,  ҳамчунин  Мурод Назарови  22 — сола,  Сиёвуш  Одилҷони  21  — сола  ва   сокини  шаҳри  Душанбе  Эмомиддин  Баҳодурови  22 —  соларо  бо  гумонбари  ин  ҳамла  сари  вақт  дастгир  намуданд.
Алҳол  кормандони  милиса   барои  дастгир  намудани шахсони  дигари  ба  ин  ҷиноят   гумонбаршуда чора  мебинанд.
Аз  рӯи  ин  қазия   парвандаи  ҷиноӣ  кушода,  тафтишот  идома  дорад.

Октябрь 20, 2014 12:44

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад