Ҳамоиши байналмилалӣ дар Қатар

Октябрь 21, 2014 11:30

Душанбе, 21.10.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих). – Чанде  пеш  дар  Қатар  ҳамоиши  байналмилалии  намояндагони  мақомоти  ҳифзи  ҳуқуқи  кишварҳои   Халиҷи  Форс,  Осиёи  Марказӣ  ва  Аврупои  Ҷануби  Шарқӣ  дар  мавзӯи «Ҷилавгирии  нашъамандӣ ва бехатарии маводи  нашъаовар  ва  моддаҳои  фалаҷкунандаи  асаб», ки бо  ибтикори  Раёсати  оид ба маводи  мухаддир ва  ҷинояткории СММ  роҳандозӣ  шуда буд,  корашро  анҷом  дод. 
Назар  ба  хабари Агентии  назорати  маводи  нашъаовари  назди  Президенти  ҶТ,  дар  ҷараёни  мулоқот  вазифаҳои  мақомоти ҳифзи  ҳуқуқи  кишварҳои  Халиҷи  Форс, Аврупои  Ҷануби  Шарқӣ ва  Осиёи  Марказӣ  дар  мубориза  бо қочоқи  маводи  мухаддир  дар минтақаҳои  зикршуда, танзими  фаъолияти  хадамоти оид ба ҷилавгирии  нашъаҷаллобӣ  дар  минтақаҳо  мавриди  муҳокима  қарор  гирифт. 
Дар  ҳамоиш  аз ҷониби  Тоҷикистон  муовини  директори Агентии  назорати  маводи  нашъаовар  Ҳалим  Маҳмудзода  дар  бораи  муборизаи  зидди  гурӯҳҳои  муташаккили  ҷинояткор  сухан  карда,  пешниҳод  намуд, ки  барои ҷилавгирии  қочоқи  маводи  мухаддир  якҷоя  мубориза  бурда  шавад.  Намояндагони  сохторҳои   ҳифзи  ҳуқуқи  кишварҳои  минтақа  ин  пешниҳодро  пазируфтанд.
Ҳамоиши  оянда  дар  шаҳри  Теҳрон  баргузор  мешавад.

Октябрь 21, 2014 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад