Ҳамоиши кормандони адлия ва суд

Октябрь 13, 2014 15:05

Душанбе, 13.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).- 11-уми октябри соли ҷорӣ дар Шӯрои адлия бахшида ба рӯзи кормандони адлия ва суд, ки ба 90 солагии таъсиси мақомоти адлия ва суд рост меояд, конфронси илмӣ — амалӣ баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш судяҳои ҷумҳурӣ, намояндагони дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, вазоратҳои молия, иқтисод ва рушди савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, мутахассисони байналмилалӣ аз Бонки аврупоии тармим ва рушд ва адвокатҳо   иштирок намуда, зикр карданд, ки масоили роҷеъ ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар тӯли таърихи  башарият мавриди таваҷҷуҳи доимӣ қарор дошта, барои дар амал риоя ва татбиқ гардидани онҳо тадбирҳои муайян роҳандозӣ мешаванд.
Дар ҳамоиш зикр шуд, ки маҳз баъди ба даст овардани Истиқлолият ба мақомоти судӣ ҳамчун сохтори муҳими давлатӣ вобаста ба  масоили риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аҳамияти махсус дода шуда, соли 1994 бо қабули аввалин Конститутсияи даврони соҳибистиқлолӣ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба се рукн муайян гардида, мақомоти судӣ ба сифати шохаи алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид.
Дар ин замина,  боби алоҳидаи Конститутсия ба Суд бахшида шуда, оид ба мафҳум ва вазифаҳои ҳокимияти судӣ, низоми мақомоти судӣ, муҳлати ваколати судяҳо, тартиби ба вазифа интихоб ва таъйин намудани онҳо, мустақилият, дахлнопазирӣ ва манъ будани дахолат ба фаъолияти судҳо, тартиби баррасии парвандаҳо ва гузаронидани мурофиаи судӣ нишон дода шуд.
Судяҳои ҷумҳурӣ аз дастгириҳои давлату Ҳукумати мамлакат рисолати худро бобати амалӣ кардани адолати судӣ бо масъулияти баланди касбӣ дарк намуда, дар давоми солҳои 2009 то нимсолаи 2014 дар маҷмӯъ баррасии зиёда аз 500 ҳазор парвандаи шаҳрвандӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, иқтисодӣ, дархостҳои мақомоти тафтишоти пешакӣ ва пешниҳодҳои мақомоти иҷрои ҷазоро таъмин намуданд.
 

Октябрь 13, 2014 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад