Ҷаласа оид ба татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ
Душанбе, 08.10.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Имрўз таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Ситоди ҳукуматӣ оид ба татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок ва калонҳаҷми сармоягузорӣ доир шуд.
Дар ҷаласа ҷараёни иҷрои муқаррароти ҷаласаи нахустини ситод, аз ҷумла масъалаҳои вобаста ба иҷрои лоиҳаҳои муҳиму калонҳаҷми сармоягузорӣ ва иҷрои созишномаю тафоҳумномаҳое, ки дар доираи ҷаласаи Шўрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва Сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидаанд, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Доир ба масъалаҳои рўзномаи ҷаласа роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат ҳисобот доданд.
Бо назардошти муҳимияти масъалаҳои баррасӣ шуда, Сарвазири мамлакат роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳалии шаҳру ноҳияҳоро вазифадор кард, ки муқаррароти ҷаласаҳои қаблӣ ва навбатиро ҳатмӣ иҷро намуда, татбиқи лоиҳаҳои муҳим ва калонҳаҷми сармоягузориро дар мамлакат сари вақт таъмин намоянд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






