Ҷаласаи байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон
Душанбе, 24.10.2014. (АМИТ «Ховар»). — Рӯзҳои 28-29-уми октябри соли равон дар шаҳри Бонни Ҷумҳурии Федеративии Олмон ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон оид ба ҳамкориҳо баҳри рушд баргузор мегардад. Дар кори ҷаласаи мазкур ҷониби Тоҷикистонро Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Назриев роҳбарӣ менамояд. Дар кори ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва Сафири Тоҷикистон дар Олмон М. Неъматов иштирок мекунанд.
Дафтари матбуоти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон иттилоъ медиҳад, ки дар рафти ин ҷаласа самтҳои асосии ҳамкориҳои ҳар ду кишвар баҳри рушд барои солҳои 2015-2016 мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Ёдовар мешавем, ки Олмон то имрӯз дар доираи ҳамкориҳо баҳри рушд ба иқтисоди Тоҷикистон наздики 250 миллион евро кӯмакҳои молиявӣ ва техникӣ пешниҳод намудааст.
Илм ва маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва рушди инфрасохтор дар деҳот, рушди савдои байнимарзӣ, инчунин ҳифзи муҳити зист ва рушди соҳибкорӣ ва ғайра аз ҷумлаи бахшҳое мебошанд, ки дар рафти ҷаласаҳои ҳайатҳои Тоҷикистону Олмон дар шаҳри Бонн мавриди баррасӣ қарор мегиранд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






