Ҷамъбасти натиҷаи фаъолият

Октябрь 8, 2014 12:23

Душанбе, 08.10.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих). – Чанде  пеш  дар  шаҳри  Душанбе  машварати  ҳайати  зудамалу роҳбарикунандаи Агентии  назорати  маводи  нашъаовари   назди Президенти  ҶТ аз рӯи натиҷаи  кор тайи  9  моҳи  соли  ҷорӣ  баргузор  гардид. 
Тавре  ки Агентии  назорати  маводи  нашъаовари   ҶТ  хабар  медиҳад,  дар  машварат масоили   фаъолияти   фаврии  раёсату  шуъбаҳои Дастгоҳи  марказӣ  ва   раёсатҳои  вилоятии Агентӣ,  ҳамчунин  ҷараёни  татбиқи  «Стратегияи   миллии  мубориза  бо  гардиши ғайриқонунии   маводи  мухаддир   дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон  барои  солҳои  2013 – 2020» баррасӣ  шуд. 
Роҳбарони  хадамоту раёсатҳо  зимни  суханрониашон  бархе  нуқсонҳои  ташкили  фаъолияти  фаврӣ, масоили  ҷилавгирии қочоқи   маводи  мухаддир, ошкор  ва  пешгирии фаъолияти  гуруҳҳои муташаккили  ҷинояткорро  баррасӣ  намуданд.
Дар  машварат  ҳамчунин  масоили ҷилавгирии   нашъамандӣ   дар  минтақаҳои  ҳамсарҳади  Афғонистон ва ҷануби  ҷумҳурӣ  мавриди  муҳокима  қарор гирифтанд.

Октябрь 8, 2014 12:23

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад