Ҷашни 80-солагии «Согдийская правда»

Октябрь 14, 2014 09:23

Душанбе, 14.10.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дар охири моҳи октябри соли равон ҷашни 80-солагии аз чоп баромадани нахустшумораи нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят — рӯзномаи вилоятии «Согдийская правда», ки ба забони русӣ нашр мегардад, таҷлил мешавад.
Тавре ки дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, солгарди нашрия ҳамаҷоя бо фестивали анъанавии вилоятии «Русская песня» ба вуқӯъ мепайвандад. Дар назар аст, ки ба фестивал-озмун меҳмонону иштирокчиён аз шаҳру навоҳии вилоят ва пойтахти ҷумҳурӣ — шаҳри Душанбе, ҳамчунин аз ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Русия таклиф  шаванд.
Гуфта мешавад, ки дар доираи таҷлили 80-солагии нашрияи вилоятӣ дирӯз дар толори КВД «Кохи матбуот» ҷамъомади идона доир гардид, ки дар он медиа-клуби «Суғдиён» ифтитоҳ ёфта, дар ҷаласаи аввалин масъалаи «Ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Русия дар доираи фаъолияти Авруосиё» баррасӣ шуданд. Бояд гуфт, ки ташаббускори созмон додани медиа-клуб Намояндагии ташкилоти ғайритиҷоратии Хазинаи рушди «Институти тадқиқотии Авруосиё» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он дар мувофиқа бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят амалӣ мегардад.
Ҳадафи клуб тарғибу ташвиқи рушду нумӯи робитаҳои иқтисодии кишварҳои ба ҳам дӯст ва вусъати ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар соҳаи васоити ахбори омма барои то мардум расонидани иттилои зарурии муносибатҳо мебошад. Дар ҷамъомад кормандони масъули сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон, Намояндагии ташкилоти ғайритиҷоратии Хазинаи рушди «Институти тадқиқотии Авруосиё» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, журналистон ва донишҷӯёни бахши рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров иштирок доштанд.

Октябрь 14, 2014 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад