Ҷойгоҳи Абдураҳмони Ҷомӣ дар тамаддуни Шарқ
Душанбе, 21.10.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дирӯз дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба 600-солагии шоир ва мутафаккири бузурги Шарқ Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ зери унвони «Ҷойгоҳи Абдураҳмони Ҷомӣ дар тамаддуни Шарқ» конфронси илмӣ-адабӣ доир гардид.
Ректори донишкада Ашурбой Солиев дар бораи маъруфияти Ҷомӣ ёдрас шуда, афзуд, ки маҳз мутолиаи китоб ин мутафаккири бузургро маъруф кард. Асарҳои безаволи А.Ҷомӣ дар тӯли ин асрҳо дили мардуми дунёро тасхир кардаанд. Таҷлили ҷашни 600-солагии шоири беҳамто ба хотири тоза гаштани ёди таърихӣ ва мукаммал шудани шахсияти ҷавонони мо зарур аст, илова намуд мавсуф.
Устоди кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ Саидамир Сафаров дар маърӯзаи худ «Назаре ба рӯзгори Мавлоно Ҷомӣ» ба аҳамияти тарбиявии осори Ҷомӣ такя намуда, зикр кард, ки агар ба гузаштаи рӯзгори инсоният нигоҳ кунем, мебинем, ки саодати шахс ба гавҳари дониш вобаста аст. Устод Ҷомӣ низ тарафдори илми бо амал буда, андешаҳои ахлоқии ӯ чун гавҳар дар ҳама давру замон талабгор доранд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






