«Ҷустуҷӯи эҷодӣ»-маҳфили илмӣ

Октябрь 24, 2014 15:32

Душанбе, 24.10.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Дар кафедраи молия ва муомилоти пулии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон  22 октябри соли ҷорӣ маҳфили илмии навбатии донишҷӯён таҳти унвони «Ҷустуҷӯи эҷодӣ» доир гардид. Мудири кафедраи мазкур Ш.Нуров ҳадафи асосии маҳфилро ба баҳси илмӣ ҷалб намудани донишҷӯён арзёбӣ кард. 
Бино ба иттилои котиби матбуоти донишкада  Машҳура  Абдуллоева,
дар ҳамоиш донишҷӯён дар мавзӯи «Муаммоҳои молиявии рушди устувории иқтисодӣ», «Аҳамияти муомилоти пули ғайринақдӣ дар шароити муносибатҳои молиявӣ» баромад карда, ба суолҳои сершумори ҳозирин посух доданд. 
Дар баромадҳо гуфта шуд, ки бо гузариш ба муносибатҳои бозаргонӣ дигаргун сохтани низоми молиявӣ ва ҳалли муаммоҳои молиявии барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидаткунанда вазифаи аввалиндараҷаи давлат ба шумор меравад. 

Октябрь 24, 2014 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад