7 ноябр- Рӯзи театри тоҷик

Октябрь 31, 2014 11:50

Душанбе, 31.10.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- «Театр ва дар маҷмӯъ фарҳанг дар ҳама давру замон таҷассумгари ҳувияти миллист. Маҳз фарҳанг, забон ва анъанаву суннатҳои нек асолати миллиро пойдору устувор нигоҳ медоранд».
  Эмомалӣ Раҳмон
Рӯзи театри тоҷик 7-уми ноябр дар Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов бо як шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор мегардад. Театри мазкур пас аз таъмири пурраи чормоҳа дарҳои худро барои мухлисон боз менамояд.Дар ин рӯз нахустнамоиши спектакли «Оинаи ду даврон» манзур мешавад, ки ба қалами драмнависи шинохта Нур Табаров тааллуқ дорад ва онро Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Шавкат Халилов рӯи саҳна овардааст. 
Гуфта мешавад, ки асари мазкур аз ҳаёт ва эҷодиёти устод С. Айнӣ, муборизаву ҷонталошиҳои вай баҳри нумӯи фарҳанги навини халқи мо, рушду инкишофи он, мақому манзалати забони ноби тоҷикӣ нақл мекунад. 
Ҳамчунин дар ин рӯз 75- солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов ҷашн гирифта мешавад ва ҳайати эҷодии театр ба ин рӯйдод армуғонеро омода намудааст. 
Дар интиҳои Рӯзи театри тоҷик аз ҷониби роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беҳтарин ҳунарпешаҳои театр мукофотҳо супорида мешаванд.
Таҷлили Рӯзи театри тоҷик дар айёми Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як анъанаи нек табдил ёфт. Дар ин рӯз ҳунарпешаҳо, режиссёрҳо, драманависҳо, рассомон, бастакорон, тамоми аҳли театрии кишвар ҷамъ омада, аз дастоварду комёбиҳои эҷодии худ, бурду бохт, нақшаҳои оянда ибрози ақида мекунанд. 
Боиси ифтихор аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бинои Театри академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ, Театри академӣ-драмавии ба номи А.Лоҳутӣ тармиму навсозӣ шуданд.
Ба муносибати 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии тоҷикон дар соли 2011 дар боғи Ирами пойтахт бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои Амфитеатри нав мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Амфитеатри боғи Ирами пойтахт дар зарфи 8 моҳ бо харҷи 3 миллиону 200 ҳазор сомонӣ дар майдони 1424 м2 бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бунёд ёфта, дорои ҳазор ҷойи нишаст барои тамошобинон мебошад.
Имсол низ рӯйдоди хотирмон дар таърихи театри тоҷик — ифтитоҳи бинои нави Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон «Аҳорун» мебошад, ки ин бинои ҳозиразамони театр барои беш аз 200 ҷойи нишаст, ки макони нави фароғати ҳамдиёрону меҳмонони пойтахти кишварамон хоҳад гардид, идомаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумат дар роҳи рушди фарҳанги миллӣ мебошад.
Имрўз бо боварӣ метавон гуфт, ки дар масири 20 соли истиқлолият фарҳанги миллии мо дар тарбияи худшиносӣ, ҳисси миллии мардум, махсусан ҷавонон нақши муҳим бозида, дар ташаккули маънавии аҳли ҷомеа, шинохти рисолати таърихӣ ва густариши эҳсоси ватандорӣ таъсири амиқ мегузорад. Маҳз дар ҳамин давра бо азму талошҳои аҳли фарҳанги кишвари тозаистиқлоли мо баргузории ҷашнвораҳо — озмуни театрии «Парасту», фестивалҳои байналмилалии театрии «Наврўз», «Чодари хаёл», Фестивал-симпозиуми байналхалқии «Шашмақом», «Фалак» ва «Баҳористон» ба ҳукми анъана даромаданд.
Дар чунин чорабиниҳои бузурги фарҳангӣ ҳазорҳо намояндагони давлатҳои хориҷи дуру наздик ширкат варзида, бо дигаргуниҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва меъморию фарҳангии кишвари мо ошноӣ пайдо карданд.
Ҳамзамон бо ин, ҳунарпешагони маъруфи тоҷик назди тамошобинони беш аз 70 давлати Аврупо ва Амрикову Осиё бо беҳтарин барномаҳо истеъдоди асили миллии худро намоиш доданд.
Гуфта метавон, ки театр воситаи пуриқтидортарини таъсиррасонӣ ба тафаккури инсон маҳсуб меёбад ва дар ин самт нақши муҳим ва арзишманд дорад, зеро рӯйдодҳои зиндагиро дар саҳна дида, тамошобин хаёлан худро ба қаҳрамонҳои мусбат монанд мекунад ва бо ҳамин роҳ олами ботинии хешро тарбият мебахшад. 
Театр ва дар маҷмӯъ фарҳанг дар ҳама давру замон таҷассумгари ҳувияти миллист. Маҳз фарҳанг, забон ва анъанаву суннатҳои нек асолати миллиро пойдору устувор нигоҳ медоранд.
 
 

Октябрь 31, 2014 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Даври ниҳоӣ дар баландӣ. Дар Бадахшон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Соҳибкорону сокинон дар корҳои ободонии ноҳияи Рӯдакӣ ба маблағи беш аз 21 миллион сомонӣ саҳм гузоштаанд
Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Гурӯҳи корӣ бо истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ дар Деҳободи ноҳияи Шаҳринав шинос шуд
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар 7 ҳазору 336 сохтори давлатӣ ва коргоҳу корхонаҳо ташкилоти ибтидоӣ дорад
Аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон лоиҳаи «Низоми ягонаи суғуртаи электронӣ» таҳия карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво дар назар аст
Замони баргузории Ниммарафони байналмилалии экологии кӯҳии шаҳри Панҷакент муайян шуд
Байни мутахассисони самти бехатарии радиатсионӣ ва муҳити экологии Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон ҳамкорӣ таҳким меёбад
Талафоти неруи барқ дар шаҳри Душанбе ба 16,9 фоиз расидааст. Бардошт аз ҷаласаи гурӯҳи корӣ таҳти раëсати муовини Сарвазири Тоҷикистон