Афзоиши бақияи пасандозҳои шахсони воқеӣ

Октябрь 24, 2014 11:10

Душанбе, 24.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-    Тавре ки  аз маълумотҳои оморӣ бармеояд, тамоюли зиёдшавии бақияи пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзии кишвар идома дорад. Нишондиҳандаи мазкур дар моҳи сентябри соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,9 фоиз афзудааст. 
     Таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо дар нуҳ моҳи соли равон аз 34,5 фоиз (2’167,4 млн. сомонӣ) пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 65,5 фоиз (4’109,1 млн. сомонӣ) пасандозҳои шахсони воқеӣ иборат буда,  ҳиссаи пасандозҳои шахсони воқеӣ дар ҳаҷми умумии ин маблағҳо рӯз то рӯз зиёд шуда истодааст. 
  Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки   миллии Тоҷикистон, дар ин давра фоизҳои миёнавазни пасандозҳо бо пули миллӣ 15,10 фоиз ва пасандозҳо бо асъори хориҷӣ 12,04 фоизи солонаро ташкил намуданд.

Октябрь 24, 2014 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад