Амалиёти «Мигрант — 2014» пайгирӣ мешавад
Душанбе, 30.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бо супориши вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Намояндагии вазорат дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират раванди умумии амалиёти фаврию пешгирикунандаи «Мигрант-2014»-ро пайгирӣ менамояд, ки мутобиқи маълумоти ВКД ФР бо дастгирии ҳукумати Маскав, раёсатҳои марказии Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия, Хадамоти федеролии амнияти Русия ва хадамотҳои махсус аз 23 октябр то 2 ноябри соли 2014 гузаронида мешавад.
Кормандони намояндагӣ дар якҷоягӣ бо хизматрасонии консулии ҶТ дар Маскав маълум карданд, ки дар раванди амалиёти мазкур бо сабабҳои вайрон намудани қонунгузории муҳоҷиратии ФР дар шуъбаҳои пулиси ҳавзаи маъмурии шарқии шаҳри Маскав 8 нафар ва дар ҳавзаи маъмурии ҷанубӣ 21 нафар шаҳрванди Тоҷикистон қарор дорад.
Ҳангоми боздид аз ШКД ноҳияи Красноселскийи шаҳри Маскав кормандони намояндагӣ маълум намуданд, ки дар шуъбаи полиси мазкур барои санҷиши будубош ва фаъолияти меҳнатӣ танҳо то 27 октябри соли 2014, 25 нафар шаҳрванди ҶТ оварда шудааст.
Мутобиқи маълумоти шахсони масъули шуъбаи полиси мазкур баъд аз гузаштани тартиботи зарурӣ доир ба муайян кардани будубоши қонунӣ ва фаъолияти меҳнатӣ ҳамаи шаҳрвандоне, ки қонунӣ дар қаламрави Федератсияи Русия фаъолияти меҳнатӣ ва будубош менамоянд, озод мешаванд.
Хотиррасон бояд кард, ки дар 4 рӯзи амалиёти «Мигрант-2014» дар пойтахти Русия зиёда аз 14 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ санҷида шуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Маскав дар ин рӯзҳо 10 муҳоҷире, ки дар ҷустуҷӯ буд, дастгир шуда, 40 кофтуков ва 6 парвандаи ҷиноӣ тибқи моддаи 322.1 КҶ ФР боз шудааст.
Намояндагӣ бо мақомоти марбутаи ХФМР доир ба ин масъала дар тамос буда ва дар ҳолати муроҷиати шаҳрвандони Тоҷикистон нисбат ба масъалаи мазкур зуд амал хоҳад кард.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хабар доданд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






