Анҷоми Лоиҳаи гранти Барномаи ҳамкории рушди таҳсилоти Русия
Душанбе, 27.10.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Пагоҳ дар шаҳри Душанбе конфронс дар мавзӯи «Анҷоми Лоиҳаи гранти «Барномаи ҳамкории рушди таҳсилоти Русия (READ) — марҳалаи II дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷаҳои асосии соли аввали имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ» баргузор мешавад.
Ба иттилои дафтари матбуоти Маркази милии тестии назди Президенти ҷумҳурӣ дар конфронс ширкати Марҳабо Ҷабборӣ, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саид Нуриддин Саид- вазири маориф ва илми кишвар, Игор Семёнович Лякин- Фролов-Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон, Патритсия Виверс- Картер- намояндаи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, директори Маркази байналмиллалӣ дар соҳаи рушди таҳсилот (CICED), директори иҷроияи шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти кушода»- Бунёди мадад дар Тоҷикистон дар назар аст.
Гуфта мешавад, ки иштирокдорони конфронс дар мавзӯъҳои Лоиҳаи гранти «Барномаи ҳамкории рушди таҳсилоти Русия дар Тоҷикистон», «Марҳилаҳои асосии ИМД-2014», «Ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар доираи ИМД-2014» ва дигар мавзӯъҳои марбута сухан мегӯянд.








Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






