Ба Тоҷикистон Эбола тавассути банан таҳдид мекунад?
Душанбе, 31.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Рӯзҳои охир байни мардум овозаи таҳдиди вируси Эбола аз тариқи истеъмоли банан паҳн шуда, дар дили дӯсторони ин меваи хориҷӣ воҳима ангехтааст. Бино ба гуфтаи сокини пойтахт Саодат Мирзоева ҳатто дар боғчаи кӯдакон мураббияҳо аз волидон хоҳиш мекунанд, ки аз харидорӣ ва истеъмоли банан худдорӣ намоянд. Ба гуфтаи мусоҳиб ин овозаро ҳатто паст рафтани нархи банан дар дӯконҳои мевафурӯшӣ тасдиқ мекунад. «Як- ду ҳафта пеш нархи банан дар дӯконҳои мевафурӯши 2,5 -3 сомонӣ арзиш дошту рӯзҳои охир он ба 2 ва ҳатто 1,5 сомонӣ поён рафтааст»,-афзуд Саодат.
Барои муайян намудани ин далелҳо аз дӯконҳои бананфурӯшии бозори Шоҳмансур дидан намудем. Дар нархи банан дар бозори Шоҳмансур ягон тағийрот ба миён наомада, арзиши як дона банан чун пештара 2,5-3 сомонӣ мебошад. Ба гуфтаи фурӯшандаи банан Мурод миқдори фурӯши банан аз пешина камтар нашудаасту чун ҳарвақта фурӯшандаҳо дар як рӯз як- ду қуттӣ банан мефурӯшанд. Ҳатто нафароне, ки тӯю маърака доранд, 2-3 қуттигӣ банан мехаранд. Вале бино ба гуфтаи фурӯшандаи банан Зайнура рӯзҳои охир харидорон пеш аз харидории банан аз куҷо ворид шудани онро пурсон мешаванд. Зайнура гуфт, ки «ба мо бананро аз Эквадор ворид мекунанд ва онро мо 6 моҳ ва ҳатто 1 сол пеш харидорӣ карда, дар анборҳо нигоҳ медорем. Бештари мардум хеле зудбовар ва камсавод мебошанд, бинобар ҳамин ба ҳамаи овозаҳо бовар мекунанд. Бананро ба Тоҷикистон аз Африқо намеоранд. Агар имкони аз банан бемор шудан мавҷуд бошад,, аввал худи мо бемор мешавем, зеро ҳамарӯза аз қуттиҳои воришуда онҳоро берун карда, рӯзи дароз бо онҳо алоқаи бевосита дорем».
Вале бино ба иттилои профессори микробиологияи Донишгоҳи федеролии Қазон Олга Илинская вабои Эбола ба Русия метавонад дар шакли мунҷамид (яхкарда) ва хушкарда ворид шуда, байни мардум пахн гардад. Ин вирус хеле ҷонсахт буда, метавонад тағйир ёбад. Дарёфти доруи таъсирбахш алайҳи ин вабо қариб ки мавҷуд нест, мегӯянд вирусшиносон. Ягона роҳи пешгирии ин вабо ин беҳдошти шахсӣ ва баланд бардоштани иммунитет мебошад.
Дар робита ба ин сардори хадамоти матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон Нурулло Шарипов гуфт, ки ҳамаи маҳсулоти ба Тоҷикистон воридшуда таҳти назорати ҳукумат ва хадамот буда, ҳамаи он аз ташхис мегузарад. Ба гуфтаи мусоҳиб банан ба Тоҷикистон аз Русия ва Туркия ворид мегардад ва ба саломатии истеъмолкунандагон зарар намерасонад.
Сабоҳат Аҳмадбекова, сармутахассиси Раёсати бемориҳои ниҳоят хавфноки Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ баён дошт, ки имрӯз хадамот дар қатори дигар бемориҳои хавфнок барои пешгирии вируси Эбола тадбирҳои зарурӣ меандешад. «Мо ба ҳамаи муассисаҳои табобатию профилактикӣ пешниҳод намудем, ки захираи басандаи маводи ҳифзкунанда, аз ҷумла либосҳои махсуси ҳифзкунанда барои кормандони соҳаи тиб, маводи табобатӣ дар миқдори зарурӣ ва босифатро захира намоянд ва мунтазам инро назорат мекунем». Бобати аз тариқи банан гузаштани вируси Эболаро Сабоҳат Аҳмадбекова рад намуда, гуфт, ки барои зинда мондани вирус шароити муносиб лозим мебошад. Аввалан банан пӯсти ғафс дошта, онро аз сироятшавӣ эмин нигоҳ медорад. Барои барангехтани беморӣ шароити муносиб, аз ҷумла ҳарорати гармии 37 дараҷа лозим аст, то ин вирус зинда монад. Чунин сироятшавӣ танҳо дар мавриде имконпазир мебошад, ки агар шахси дар Африқо буда бананеро, ки ба он оби даҳони маймуни сироятшуда рехтааст, истеъмол кунад, он ҳам дар ҳолате ки агар бананро дар якчанд соат пас аз сироят истеъмол намояд.
Бархе аз сокинони пойтахт низ ба ин овозаҳо боварӣ надошта, бештар аз он дар ҳаросанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон барои таҳсил, кор ва сайёҳӣ ба тамоми давлатҳои хориҷа сафар мекунанд ва ин имкони ворид шудани ин вирусро дар Тоҷикистон низ ба миён меорад.
Вале ба гуфтаи сардори хадамоти матбуоти «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Маҳмадюсуф Шодиев, бобати пешгирии хуруҷи бемории Эбола дар фурудгоҳи Душанбе тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Хусусияти хоси чораҳои дидашуда аз он иборат аст, ки мусофирони хатсайрҳои дур, ки эҳтимоли аз кишварҳои фарогири бемории номбурда меоянд, мавриди санҷиш қарор мегиранд. Ба мусофирони шубҳанок дар фурудгоҳ чанд саволи маъмулӣ дода, ҳарорати бадани онҳо санҷида мешавад. Дар сурати пайдо кардани нишонаҳои беморӣ нисбат ба мусофир чораҳои фаврӣ дида мешаванд.
Хотиррасон мекунем, ки хуруҷи вараҷаи Эбола моҳи январи соли равон дар Гвинея ба қайд гирифта шуда, он баъдан ба давлатҳои ҳамсоя, ба Либерия ва Серра -Леоне паҳн гашт. Бино ба иттилои Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ ин хуруҷ дар таърихи Африқо аз ҳама бемории дарозмуддат ва марговар мебошад.
Тибқи иттилои сомонаҳои Русия шумораи гирифторони ин беморӣ то имрӯз ба беш аз 8 ҳазор нафар расидааст.
Вируси Эбола бемории хатарноки марговар буда, дар 90 фоизи ҳолатҳо бемор ҳалок мегардад. Ин вирус аввалин бор соли 1976 дар Африқо дар мамлакатҳои Заир, ҳоло Ҷумҳурии демократии Конго ва Судан дар ҳудуди дарёи Эбола ошкор гардида, ба номи ҳамин дарё ин вирус Эбола номгузорӣ шудааст. Дар он сол дар Судан 284 ҳодисаи сироят ба қайд гирифта шуда, 151 нафар бемор ба ҳалокат расида буд. Дар Заир 318 ҳодисаи сироят ба қайд гирифта, дар натиҷа 280 нафар фавтид.
Дар айни замон алайҳи ин вирус ягон ваксина ва муолиҷаи муайяну таъсирбахш вуҷуд надорад. Муайян гардид, ки ин вирус метавонад на танҳо одамон, балки приматҳо ва ҳатто хукҳоро сироят кунад.
Ақидае мавҷуд аст, ки ин вирус аз кӯршапаракҳои мевагии оилаи Pteropodidae ба вуҷуд омада, одамон дар натиҷаи робитаи зич бо хун,узвҳои дохила ва дигар моеъҳои организми ҳайвонҳои бемор ва фавтидаи ҷангалҳо, аз қабили шимпанзе, горилла, кӯршапаракҳои мевагӣ, маймунҳо сироят шудаанд. Баъдан Эбола аз одам ба одам тариҷи алоқаи зич, бо хун ва дигар моеъҳои бадани одами сироятшуда, инчунин матову ҷиҳозҳое, ки бо ин моеъҳо сироят шудаанд, гузаштааст.
Кормандони соҳаи тиб бошад, бештар ҳангоми риоя накардани қоидаҳои санитарӣ дар холати расонидани кумаки тиббӣ ба шахсони гирифтори ин вирус сироят мешаванд.
Беморӣ баъди ба бадан афтодан бештар пас 8-10 рўз аз худ дарак медиҳад.
Нишонаҳои аввалини ин беморӣ дарди сар, қай кардани хун, шикамравӣ бо хун, дарди мушакҳои бадан, аз чашм, гўш, бинӣ ва зираи дандон ҷорӣ шудани хун, баланд шудани ҳарорати бадан то 38-40 дараҷа, сулфаи хушк ва дарди қафаси сина мебошанд.
Барои пешгирии беморӣ лозим аст, ки ҳавои хона, бино, иншоотро мунтазам тоза карда, рубӯчини хона бо усули истифодаи латтаи тар гузаронида шавад. Ҳар як шахс бояд ба гигиенаи шахсӣ риоя карда, аз ҷойҳои тасодуфӣ маводи хӯрокӣ нахарад ва истеъмол накунад.
Дар сурати ошкор намудани нишонаҳои беморӣ, шахси бемор бояд маскаи муқаррарӣ ё аз докаи 4-5 қабата омодашударо пўшида, ҳатман ба духтур муроҷиат кунад ва ба ҳеҷ ваҷҳ ба табобати худсарона машғул нашавад.