Баррасии ҳамкориҳои техникӣ дар мизи мудаввар

Октябрь 9, 2014 11:12

Душанбе, 09.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ)-  Дар  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 октябри соли 2014 мизи мудаввар дар мавзӯи «Имкониятҳои такмили барномаҳои бозомӯзӣ ва барномаҳои таълимӣ дар низоми таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар доираи лоиҳаи «Татбиқи стратегияи касбомӯзии гурӯҳи бистум» баргузор гардид.
Мақсади лоиҳаи мазкур ҳамкориҳои техникӣ буда, аз ҷониби Федератсияи Русия ба муҳлати 3 сол (2012-2015) маблағгузорӣ ва аз ҷониби Ташкилоти байналмилалии меҳнат амалӣ мешаванд. Лоиҳа ба такмил ва беҳсозии таҳсилот ва омӯзиши касбӣ дар кишварҳои Арманистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Иордания ва Ветнам, ки иштирокчии лоиҳа мебошанд,  равона шудааст.
Тавре ки аз раёсати муносибатхои байналхалқӣ ва робита бо ҷомеаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ иттилоъ доданд, дар мизи мудаввар мушовири аввали техникии лоиҳа Жан Дюронсуа, ҳамоҳангсози лоиҳа Елена Кудрявсева ва коршиносони Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вазорат, Муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолон», Маркази таълимӣ-методӣ ва мониторинги сифати таълим, инчунин муассисаҳои касбӣ-техникӣ иштирок доштанд.
Мутобиқи барномаи ҷаласа дар чорабинии мазкур пешниҳодҳо ва имкониятҳои такмили барномаҳои бозомӯзӣ ва барномаҳои таълимӣ дар низоми таҳсилоти касбӣ дар Тоҷикистон: мушкилотҳо, имкониятҳо ва пешрафти онҳо баррасӣ гардиданд.

Октябрь 9, 2014 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад