Баррасии вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия
Душанбе, 24.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 22 октябри соли ҷорӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода ва сардори Хадамоти муҳоҷират Анвар Бобоев ба Федератсияи Русия сафар намуданд.
Дар назар аст, ки С. Тағойзода ва А. Бобоев масъалаҳои вазъи муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онро бо намояндагони дахлдори ин кишвар баррасӣ намоянд.
Бино ба иттилои шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва ҳамватанони бурунмарзии Хадамоти муҳоҷират, дар рафти ин сафар чораҳои пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба онҳо ворид гардидан ба ҳудуди Русия манъ карда шудааст, муҳокима мегардад.
Таҳияи усулҳои мувофиқ барои таъмини суғуртаи тиббии муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ҶТ ва сертификатсияи сохторҳо ҷиҳати гузаронидани ташхиси тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҶТ бо ҳуқуқи додани маълумотномае, ки дар ФР ҳангоми гирифтани иҷозатнома ва патент барои кор эътироф карда мешавад, инчунин чораҳои пешниҳоди кафолати давлатӣ дар соҳаи таъминоти суғурта ва нафақаи муҳоҷирони меҳнатӣ бо ҷониби Федератсияи Русия масъалагузорӣ мешаванд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






