Биё, биншин, шунав «Овози тоҷик»

Октябрь 20, 2014 16:40

        Душанбе, 20.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Аз таъсисёбии шабакаи бурунмарзии радиои Тоҷикистон — «Овози тоҷик» 65 сол сипарӣ гардид. Дар иртибот ба ин санаи таърихӣ раҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки шоми 22 октябри соли равон дар толори  «Кохи Ҷомӣ» -и пойтахт бо ташкили як маҳфил аз ин санаи пурифтихор -65-умин солгарди таъсиси шабакаи бурунмарзии радиои Тоҷикистон -«Овози тоҷик» истиқбол гирад.
      Аз Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» итттилоъ доданд, ки ба ин маҳфил роҳбарону намояндагони  ниҳодҳои марбутаи кишвар, сафирони кишварҳое, ки шабакаи мазкур ба забони давлатии онҳо гуфторҳо омода ва пахш месозад, коршиносони масоили сиёсӣ, таҳлилгарон  ва ҳаводорону сомеони  шабакаи бурунмарзӣ даъват гардидаанд. 
     Бояд тазаккур дод, ки шабакаи бурунмарзии радиои Тоҷикистон 16 октябри соли 1949 бо ибтикор ва дастгирии академик Бобоҷон Ғафуров созмон дода шуда, он солҳо бо забонҳои форсӣ ва дарӣ барномаҳо пахш мекард. Алҳол шабакаи  бурунмарзии радиои Тоҷикистон-  «Овози тоҷик» бо ҳашт забон — тоҷикӣ, форсӣ, дарӣ, русӣ, англисӣ, ӯзбекӣ, арабӣ, ҳиндӣ ба таври мустақим ва шабонарӯзӣ барномаю гуфторҳо омода ва пахш месозад.  Дар айни замон дар шабакаи бурунмарзии радиои Тоҷикистон- «Овози тоҷик» беш аз 40 нафар рӯзноманигору корманди техникӣ фаъолият дошта, шабака бо технологияи  муосир таҷҳизонида шудааст.
        Нақши шабакаи бурунмарзии «Овози тоҷик» дар муаррифии Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ калон буда, мазмуну мӯҳтавои барномаҳои таҳиянамудаи муҳаррирони ин шабака инъикосгари сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкориҳои мутақобилан судманди  Тоҷикистон  бо кишварҳои хориҷист. Инчунин муҳаррирони шабакаи бурунмарзии «Овози тоҷик» вобаста ба масоили марбут ба ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ, бахшҳои иқтисод, иҷтимоӣ ва илмию фарҳангӣ гуфтору барномаҳо таҳия ва омода намуда,  пешкаши сомеони худ мегардонанд.  15.41.
 

Октябрь 20, 2014 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад