Бо даъватномаи аввалин ба хизмат: шиор
Душанбе, 09.10..2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ)- Дар айни замон дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дар сатҳи зарурӣ ташкилу ба роҳ мондани маросими даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мунтазам ҷараён дорад. Ҳафтаи гузашта дар Комиссариати ҳарбии ноҳияи Шоҳмансур бо иштироки мақомоти масъули даъват, мактаббачагон, ҷавонони синни даъватӣ ва волидони онҳо ҷамъомад доир шуд.
Зимни вохӯрӣ масъулини даъват изҳор доштанд, ки ҳамасола сафи ҷавонони ихтиёрӣ ва он нафароне, ки баъди гирифтани аввалин даъватнома ба камиссариати ҳарбӣ ҳозир мешаванд, хеле зиёд гаштааст.
Аз ин рӯ, изҳори умед шуд, ки ҷавонони бонангу номуси кишвар бо риояи талаботи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» дар нахустин рӯзҳои даъват ба камиссариати ҳарбӣ ҳозир шуда, баҳри хизмат ба халқу Ватан гусел мешаванд.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд






