Боздиди Р.Қодиров аз МОИ «Суғд»

Октябрь 1, 2014 12:14

Душанбе, 01.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло  Тоирӣ). – 30  сентябр  роҳбарияти  маъмурияти Минтақаи  озоди  иқтисодии  «Суғд»  бо  роҳбари  намояндагии  Бонки  рушди  АвруОсиё  дар  Тоҷикистон  Рашид  Қодиров  мулоқот анҷом  дод. 
Назар  ба  хабари  маркази  матбуоти Минтақаи  озоди  иқтисодии «Суғд»,  мавзӯи  мулоқот иборат  аз  пешниҳодҳо  дар  амри  сармоягузорӣ  ва  ҳамкорӣ  барои татбиқи  лоиҳаҳои  хушсифат  буд. 
Р.Қодиров  зикр  намуд, ки Бонки  рушди  АвруОсиё вазифадор  аст ба  рушди  иқтисодиёти  давлатҳои  узви  бонк,  густариши  равобити тиҷоратиию  иқтисодии  байни  онҳо  ва  вусъати  равандҳои  ҳамгироӣ  дар  фазои  АвруОсиё  бо  василаи  сармоягузорӣ  мусоидат  кунад. 
Ёдовар  мешавем, ки  Арманистон,  Беларус,  Қазоқистон, Қирғизистон,  Русия  ва  Тоҷикистон  иштирокдорони  бонк  ба  шумор  мераванд. 
Дар  анҷоми  мулоқот   иштирокдорони он   аҳд  карданд, ки  имконияти   ҳамкории  минбаъда  барои  татбиқи  лоиҳаҳои  мавҷударо  баррасӣ  намоянд. 
Рашид  Қодиров  ҳамчунин  бо  муовини  раиси  вилояти  Суғд Ановар Яқубӣ гуфтушунид  кард.

Октябрь 1, 2014 12:14

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад