Чорабиниҳои фарҳангӣ дар Рӯзи даъватшаванда

Октябрь 2, 2014 11:01

Душанбе, 02.10.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Дирўз дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе Рўзи даъватшаванда баргузор гардид. Барои иштирок дар он беш аз 80 нафар ҷавони бонангу номус, ватандўсту ватанпарвар ихтиёран ба комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои пойтахт ҷиҳати хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҳозир шуд. 
Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, чунин як чорабинии тантанавӣ дар ноҳияи Синои пойтахт бо иштироки роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат, падару модарон ва ҷавонони ноҳия баргузор шуд. 
Муовини якуми раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Мавсума Муинӣ ҷавонон ва волидайни онҳоро бо ин рўз шодбош гуфта, барои  ташаббусашон миннатдорӣ баён кард. Ҳамчунин перомуни дастгириву ғамхориҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба хизматчиёни ҳарбӣ сухан карда, ҷавононро ба хизмати содиқона баҳри ҳимояи марзу буми Ватан-модар, таъмини ваҳдати миллӣ ҳидоят ва ба онҳо сиҳатмандиву муваффақиятҳо таманно намуд. 
Гуфта мешавад, ки барои ҷавонон аз тарафи санъаткорону хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ чорабинии фарҳангӣ ташкил шуд. Дар фарҷоми чорабинӣ даъватшавандагони ихтиёрӣ бо туҳфаҳои бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Сино қадрдонӣ шуданд.
 

Октябрь 2, 2014 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад