Дастарасии сокинони Хатлон ба маводи тиббӣ

Октябрь 2, 2014 10:36

Душанбе,02.10.2014 (Амит “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Сафири Амрико дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт маводҳои тиббиро барои сокинони вилояти Хатлон ба сардори раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон  ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доктор Шералӣ Раҳматуллоев ба таври расмӣ супорид. 
Тавре ки дар ин бора аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, дар маросим намояндагони Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ва созмони байналмиллалии “Ҳайати шафқат” дар якҷоягӣ бо намояндагони ҳукумати вилояти Хатлон, ҳукуматҳои ноҳияҳо ва кормандони марказҳои саломатӣ ширкат доштанд.
Дар чорабинии мазкур маводи тиббӣ, минҷумла вазнченкунакҳо, мавод барои санҷиши фишори хун (тонометрҳо), стетоскопҳо, термометрҳо ва ғайра барои 355 муассисаи тандурустии деҳот бо мақсади беҳтар гардонидани ёрии аввалияи тиббӣ, махсусан ба модарон ва кӯдакон дар вилояти Хатлон тақдим гардид.  Ин маросим  аҳамияти хизматрасонии баландсифати тиббиро дар пешгирӣ ва табобати оқибатҳои норасоии ғизо дар вилояти Хатлон таъкид намуд. Таъмини асбобҳои тиббӣ бо дастгирии лоиҳаи USAID “Солимии модар ва кӯдак”, ки аз чониби созмони байналмилалии “Ҳайати шафқат” амалӣ мешавад, имконпазир гардид.
 Гуфта мешавад, ки ҳукумати ИМА барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ дар ҳамроҳӣ бо шарикони хеш ва кормандони соҳаи тандурустии ноҳияҳо ва вилоят дар ҷомеаҳои камбизоаттарин фаъолияти хешро пиёда намудааст.  Диққати махсус ба модарони ҷавон ва кӯдакони хурдсол, ки дар зери хатари норасогии ғизо ва солимии ноустувор қарор доранд, дода мешавад. Ҳукумати ИМА тасмим гирифтааст, ки то анҷоми лоиҳа дар моҳи сентябри соли 2016 вазъи саломатӣ ва ғизои зиёда аз 300 ҳазор зани қобили таваллуд ва 220 ҳазор  кӯдаки то панҷсоларо беҳтар гардонад. 
 

Октябрь 2, 2014 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад