Даъвати донишҷӯён ба солимфикрӣ
Душанбе, 22.10.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дирӯз дар факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо фарогирии донишҷӯёни ин факулта ва факултаҳои педагогӣ, молия ва қарз, телекоммуникатсия ва технологияҳоои иттилоотӣ чорабинии тарбиявӣ дар чаҳорчӯбаи силсилавохӯриҳои Раёсати донишгоҳ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот баргузор гардид.
Тавре ки аз донишгоҳи мазкур иттилоъ доданд, мутахассиси пешбари шуъбаи тарбияи Раёсати донишгоҳ дотсент Маҳмудҷон Ӯлмасов зикр намуд, ки cолҳои охир дар макотиби олии кишвар баробари корҳои илмиву таълимӣ ба ҷараёни корҳои тарбиявӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад, зеро тарбия падидаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маърифатӣ, психологиву педагогӣ буда, барои танзими зиндагии инсон ва пешрафти ҷомеа хидмат менамояд.
Муовини сардори хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни наврасону ҷавонони Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, подполковники милитсия Пӯлодҷон Саидов роҷеъ ба вазъи қонуншикании наврасону ҷавонон, хосатан донишҷӯён гуфт, ки солҳои охир вазъи ҳуқуқвайронкунӣ аз тарафи ин қишри ҷомеа ташвишовар гаштааст, зеро дар 9 моҳи соли гузашта аз тарави наврасону ҷавонон 811 ҷиноят содир шудаву ин рақам дар ҳамин давраи соли ҷорӣ ба 946 адад расид, ки мутаассифона, дар байни онҳо донишҷӯён низ ҳастанд.
Пӯлодҷон Саидов ҳамчунин дар бораи гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ ва оқибатҳои фоҷиабори онҳо мисолҳои дақиқ оварда, донишҷӯёнро даъват кард, ки шукронаи ин сарзамин, ваҳдату оромӣ намуда, дар рушди кишвар ҳисса гузоранд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






