Э. Раҳмон: “Ба мо таҷрибаи мамлакатҳои тараққикарда ҷолиб аст”

Октябрь 15, 2014 16:23

Душанбе, 15.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Бекназари Абӯбакр). — “Бо мақсади кам кардани таъсири манфии таҳдидҳои глобалӣ, аз ҷумла оқибатҳои баъдибуҳронии молиявию иқтисодӣ, хавфи зиёдшавии сатҳи камбизоатӣ, дастрасии маҳдуди мардум ба оби тоза, озуқаворӣ, нерўи барқ ва дигар маҳсулоту хизматрасониҳои ниёзи аввал, паҳншавии бемориҳои сирояткунанда, тағйирёбии иқлим ва тамоюлҳои зудтағйирёбандаи ҷаҳониву минтақавӣ, густариш ва таҳкими робитаҳои иқтисодии берунӣ бо ҳамаи мамлакатҳои ба мо дўст ва шарик вазифаи муҳимтарини сиёсати иқтисодии хориҷии кишвари мо  мебошад”, — гуфт Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 15 октябр зини суханронии хеш дар дар Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Душанбе — 2014 таҳти унвони «Соҳибкорӣ  муҳаррики иқтисодиёт».
Ба таъкиди Сарвари Давлат густариши ҳамкории созанда бо якдигар дар сатҳҳои дуҷониба ва бисёрҷониба воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, амниятиву экологӣ ва муқовимат бо таҳдиду хатарҳои глобалии муосир буда, ба манфиатҳои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳар як кишвари ҷаҳон комилан ҷавобгў мебошад.
“Барои мо таҷрибаи мамлакатҳои тараққикарда ва рў ба тараққӣ, ки ба бахши хусусии онҳо қариб 80 фоизи маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ва на камтар аз 70 фоизи шуғли аҳолӣ рост меоянд, хеле ҷолиб мебошад”, — тазаккур дод Э. Раҳмон.

Октябрь 15, 2014 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд