«Феррари» мустақил мешавад
Душанбе,31.10.2014. (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Мувофиқи иттилои сомонаи интернетии “Давлати исломӣ” онҳо навори видеоиеро нашр карданд, ки дар он изҳори садоқати ҷангиёни Осиёи Марказӣ ба Бағдодӣ намоиш дода шуд. Бояд гуфт, ки гурӯҳе аз ҷангиёни Осиёи Марказӣ аз ҷиноҳи «Катибат-Ал-Имом Бухорӣ», ки дар он узбектаборҳо бештаранд, тобеияти худро ба раҳбари гурӯҳи “Давлати исломӣ” Абӯбакр Ал-Бағдодӣ баён намуданд.
Душанбе, 31.10.2014. (АМИТ «Ховар»).- Шаби гузашта дар шаҳри Бенғозии Либия дар як бинои зисти сокинони маҳаллӣ боз як амали террористӣ содир шуд.Дар ҳодиса 10 нафар ба ҳалокат расида ва 7-каси дигар захмҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошт. Тавре ки хабар дода мешавад, дар миёни қурбониён занону кӯдакон низ мебошанд. То кунун масъулияти ин ҳамларо ягон шахс ё гурӯҳи алоҳида ба уҳда нагирифтааст.
Душанбе, 31.10.2014. (АМИТ «Ховар»).- Вазири амнияти дохилии Бритониёи Кабир Ҷо Ҷонсон дар Канада дар конфронси солонаи Муассисаи байналмилалии раисони пулис гуфтааст, ки наздик ба 12 ҳазор нафар аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон, тайи се соли гузашта ба Сурия рафтаанд, то дар ҷанги дохилии он ширкат карда ва ба гурӯҳҳое, аз ҷумла «Давлати исломӣ» бипайванданд. Гуфта мешавад, ки афзоиши шумори ҷангиёни хориҷӣ бештар аз Афғонистон, Яман, Сумолӣ ва Ироқ мебошад.
Душанбе, 31.10.2014. (АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи иттилои расонаҳои хабарии Боливия автобуси мусофиркашонии мактаббачаҳо дар соҳили рӯди Ичоа таваққуф намудааст, то ки мактаббачаҳо дар соҳил оббозӣ намоянд. Аммо ин иқдоми онҳо бо фоҷеа анҷом ёфт, зеро маҷрои оби рӯд хеле мушаддад буд ва 8 мактаббачаро ба коми худ кашид. Бояд гуфт, ки автобуси мусофиркашонии ҳомили хонандагон аз шаҳри Потоси ба самти шаҳри Санта-Крус-де-ла-Сйерра ҳаракат мекард.
Душанбе,31.10.2014. (АМИТ «Ховар»).- Роҳбарияти ширкати «Фиат Крайслер»-и итолиёиву амрикоии истеҳсолкунандаи мошинҳои варзишӣ бо номи «Феррари» тасмим гирифтааст, ки аз соли 2015-ум ба қисми коргоҳаш мустақилият диҳад. Яъне, аз соли нав сар карда, ширкати «Феррари» таъсис ёфта, мустақилан ба истеҳсоли чунин мошинҳо машғул мешавад.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






