Гусели нахустин ҳомиёни Ватан

Октябрь 1, 2014 16:56

 
Душанбе, 1.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).-  Пагоҳ, 2-юми октябр дар шаҳри Хуҷанд маъракаи гусели нахустин гурӯҳи наваскарони ихтиёрӣ дар мавсими даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад.
Дар ин бора дар ҷараёни ҷаласаи васеи комиссияи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши Миллӣ, ки дирӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, иттилоъ дода шуд. 
Дар ҷаласа зикр гардид, ки имсол фоизи нақшаи даъват нисбат ба даъвати баҳорона камтар буда, имкониятҳои барои сари вақт иҷро намудани нақшаи даъват мавҷуд аст. Ҳамчунин аъзои комиссияи даъват пурра барои фаъолияти ҳамарӯза  омода буда, онҳо қисмати аввали рӯз даъватшавандаҳоро аз муоина гузаронда, қисмати дуюми рӯз аъзои комиссияи даъват дар маҳаллаҳои шаҳр кори худро идома хоҳанд дод.
Аз ҷониби масъулин рӯйхати фарзандони шахсони мансабдор, ки ба синни даъват расидаанд тартиб дода шуда, дар сурати аз имтиёзҳо маҳрум будан онҳо дар мадди аввал ба сафи Артиши Миллӣ сафарбар мешаванд.
Барои фаъолияти самараноки комиссияи даъват бо қарори раиси шаҳр 20 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.
Шаҳрдори Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар ҷаласа раисони маҳаллаҳоро дастур дод, ки бо прокуратура, шуъбаи корҳои дохилӣ ва нозирони минтақавӣ ҳамкории судмандро ба роҳ монда, аз ҳама гуна зуҳуроти ба таври зӯрӣ ҷалб намудани даъватшавандаҳо ба хизмати ҳарбӣ худдорӣ намоянд.  
Дар ин бора аз  Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.
 
 
 

Октябрь 1, 2014 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад