Гузориши Озода Эмомалӣ дар Маҷлиси намояндагон

Октябрь 2, 2014 11:45

 
Душанбе, 2.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).-   Дирӯз  таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи  якуми Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид. 
Дар ҷаласаи мазкур муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Раҳмон Озода Эмомалӣ  иштирок намуда, оид ба масъалаҳои панҷум ва шашуми рӯзномаи иҷлосия вобаста ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси тасдиқи  Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Аморати Муттаҳидаи Араб дар бораи мутақобилан ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатӣ ва Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи мутақобилан ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатӣ, гузориш дод.
Аз ҷумла,   Раҳмон Озода Эмомалӣ  зикр намуд, ки созишномаҳои мазкур барои тарафҳои он имкон медиҳанд, ки барои ҷойгир намудани намояндагиҳои дипломатии ҷонибҳо дар асоси принсипи мутақобила ба муҳлати 49 сол қитъаи замин ҷудо карда шуда, барои сохтмони намояндагиҳои дипломатӣ шароитҳои мусоид фароҳам оварда шаванд. Инчунин дар Созишномаҳо риояи қонунгузории миллии давлати иқомат дар соҳаи шаҳрсозӣ ва меъморӣ зимни лоиҳакашӣ ва сохтмони биноҳои намояндагии дипломатӣ; озод намудан аз андозҳо, боҷ ва пардохтҳои вобаста ба сохтмони намояндагиҳои дипломатӣ; барасмиятдарории ҳуқуқи моликият ба бинову иншоот ва ҳуқуқи иҷораи қитъаҳои замин; тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба созишномаи мазкур; тартиби ҳалли баҳсҳо ва эътибор пайдо намудани созишнома ба танзим дароварда мешаванд.
Тасдиқи имзои созишномаҳоро ҳамаи вакилон якдилона дастгирӣ намуданд. 
Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар доданд.
 
 
 

Октябрь 2, 2014 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад