Ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ- сарчашмаи ҷаҳолату торикӣ
Душанбе, 23.10.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Дар чаҳорчӯбаи силсилавохӯриҳои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба 20- солагии Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мавзӯи «Пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои итиҷоӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, тарғибу одоби ҳамидаи инсонӣ» дар факултаи филология бо иштироки васеи донишҷӯёни факултаҳои донишгоҳ чорабинии тарбиявӣ баргузор гардид.
Тавре ки аз донишгоҳи мазкур иттилоъ доданд, дар чорабинӣ муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ дотсент Абдуҳафиз Азизов аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ изҳори нигаронӣ намуда, гуфт, ки ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ сарчашмаи ҷаҳолату торикӣ буда, ба миллат ва мардуми тоҷик танҳо бадбахтӣ меоранд ва барои рушду тараққиёти ҷомеаву давлат монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад.
Имомхатиби масҷиди ҷомеи «Бобохӯҷа»-и шаҳри Хуҷанд Муҳаммадҷон Усмонов зикр кард, ки шукронаи сулҳу ваҳдат, ки кишварамон рӯз аз рӯз рӯ ба тараққӣ ниҳода истодааст, мутаассифона, бархе кӯрдилону нотавонбинон ин пешравиро чашми дидан надоранд ва бо ғаразҳои хеш ба сулҳу амнияти пойдори тоҷикон халал ворид карданианд, вале ба ин ниятҳои бадхоҳонаашон ҳеҷ гоҳ нахоҳанд расид. Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят Зариф Мирдадоев иброз намуд, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сиёсати худро рӯ ба ҷавонон намудааст ва хушбахтона, ин сиёсат калидӣ унвон гаштааст. Мутаассифона, тибқи омори расмӣ беш аз 200 нафар ҷавони гумроҳи мо ба ҷараёну гурӯҳҳои ифротӣ пайваст шудаанд ва мутмаинем, ки аксари онҳо аллакай пушаймонанд. Дигар масъалаи доғи рӯз худкушӣ мебошад, ки ин амали номатлуб маҳз бо омили бетарафии ҷомеа ва атрофиён сурат мегирад, ки дар ин самт низ мо бояд корҳоро суръат бахшем.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






