Имзои қарордоди занбӯрпарварон

Октябрь 8, 2014 12:21

Душанбе, 08.10.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих). – Аз  рӯи натиҷаи ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону  Қирғизистон,  ки  охири  ҳафтаи  гузашта  дар  шаҳри  Бишкек   баргузор  гардид, созишномаи  ҳамкории  байни Иттиҳодияи   занбӯрпарварони  «Суғд»  ва Ҷамъияти  кушодаи «Иттиҳоди занбӯрпарварони  Қирғизистон» ба  имзо  расид. Ҳуҷҷатро  аз  ҷониби  Тоҷикистон  муовини раиси «Иттиҳодияи  занбӯрпарварони «Суғд»  Комилҷон Ғиёсиддинов ва аз ҷониби Қирғизистон  раиси Ҷамъияти  кушодаи  «Иттиҳоди  занбӯрпарварони  Қирғизистон» Козим  Қарасетов  имзо  намуданд. 
Тавре  ки  аз ПСС ҶТ   ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд,  дар  ҳошияи лоиҳаи «Дастгирӣ  ба  манзури  таъсиси марказҳои   рушди  савдо  дар  сатҳи  миллию  музофотӣ ва доир  намудани тренингҳои  доимии  соҳибкорон», ки  онро  Ҳукумати Финляндия  бо  маблағ  таъмин  менамояд, маросими  иштироки соҳибкорони тоҷик  дар  намоишгоҳи Палатаи  савдо  ва  саноати  ҶТ  ва Барномаи  рушди  СММ  баргузор  гардид. 
Соҳибкорон  аҳд  карданд, ки  ҳамкории  судманди  дуҷонибаро   рушду  густариш  бахшида,  ба  дарёфти  мушорикону  сармоягузорон мусоидат  кунанд.
Ба   дастгирии вусъати  таҳсили  мутахассисони тоҷик  дар  бахши   занбӯрпарварӣ ва  табодули  таҷрибаи   занбӯрпарварон дар  ҳошияи ҳамкорӣ таваҷҷӯҳи  хоса  зоҳир  гардид. 
Созишномаи  мазкур  бахшу  шаклҳои  мухталифи  ҳамкориро  муайян  мекунад. Тасмим  гирифта шуд, ки  ҷонибҳо  бо назардошти  салоҳият,  неруи зеҳнӣ ва   захираҳои  истеҳсолию   имконоташонро ба  манзури татбиқи  стратегияи  муштарак  фаъолона  мавриди  истифода  қарор  медиҳанд.

Октябрь 8, 2014 12:21

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад