Истеҳсоли пахта ба 77, 7 фоиз баробар шуд

Октябрь 31, 2014 15:27

Душанбе, 31.10.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Мувофиқи маълумотҳои фаврии раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ  дар майдони зиёда аз 177,6 ҳазор гектар кишти пахта гузаронида шудааст. Дурнамои истеҳсоли пахта 408 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Дар айни замон дар ҷумҳурӣ ба миқдори 316,9 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки баробари 77, 7 фоизи дурнамо мебошад. 
Дурнамои истеҳсоли пахта дар вилоят 277,6 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Аввалин шуда дар кишвар кишоварзони ноҳияи Сарбанд иҷрои дурнамои ҷамъоварии пахтаро 102,5 фоиз таъмин намуданд. Кишоварзони ноҳияҳои   Қубодиён, Ҷиликул, Н.Хусрав ва Данғара дар вилоят пешсафанд.
Имсол ҷамъоварии пахта дар ҳар як рӯз нисбат ба соли гузашта 17, 8 сентнерӣ зиёд аст.
Бо вуҷуди ин имсол бо таъсири боронҳои зиёд нисбат ба соли гузашта 51,2 фоиз камтар пахта истеҳсол гардидааст.
 
 
 

Октябрь 31, 2014 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад