Кӯдакон маводи мухаддир ёфтанд

Октябрь 16, 2014 12:14

Хоруғ, 16.10.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).-Ду тан аз хонандагони мактаби таҳсилоти умумии  рақами 4-и деҳаи Шидзи ноҳияи Рӯшон Сураҷ Дилбаров ва Муҷиб Бахтибеков ҳангоми ҷамъ намудани  ҳезум  дар  соҳили дарёи Панҷ як бастаи  полиэтилениро  пайдо намуда,  фавран ба омӯзгорони мактаб  ва неруҳои  амниятӣ хабар доданд.
 Ташхис нишон дод, ки дар ин баста  маводи нашъадори навъи  ҳашиш нигаҳдорӣ шуда, барои интиқоли минбаъда дар лаби дарё пинҳон кардаанд.
Дар робита ба ин иқдом дар мактаб ҷамъомади бошукӯҳ доир гашт, ки дар он сардори раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муртазо Ҳайдарзода, муовини сардори раёсати  маорифи  вилоят Тоҷиддин Орумбеков ширкат доштанд ва аз ин рафтори хонандагон изҳори сипос намуда, ба онҳо ифтихорномаи раёсати мазкур ва  мукофоти пулӣ такдим карданд.

Октябрь 16, 2014 12:14

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад