Камераҳои мушоҳидавӣ- танзимгари тартиботи ҷамъиятӣ

Октябрь 10, 2014 11:38

Душанбе, 10.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).- Вазъи ҷаҳони муосир ва рӯйдоду воқеаҳои ҷиноятӣ тақозо мекунад, ки кор дар самти пешгирию ошкор кардани кирдорҳои ҷиноӣ ва таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ пурзӯр карда шавад. 
«Шароити хизмату фаъолият ва таъминоти таҷҳизоти замонавӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ имрӯз пурра ба талабот ҷавобгӯ аст. Баҳри бехатарӣ ва таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз роҳу усул ва техникаҳои пешқадами замонавӣ истифода мебаранд»,- мегӯяд корманди вазорати мазкур Нусратулло Саидов.
Новобаста аз сафарбар гардидани шумораи зиёди кормандони милитсия барои хизмат дар кӯчаву хиёбон, боғу гулгашт ва маҳаллаҳои пойтахт,  илова бар ин, дар тамоми ҳудуди шаҳри Душанбе дастгоҳҳои мушоҳидавии наворбардорӣ насб гардидааст. Аз ҷумла, боғҳои фарҳангию истироҳатӣ, майдонҳо, бахусус ҷойҳои серодами шаҳр, маркази савдою бозор, истгоҳҳову фурудгоҳ ва масҷиду ҷойҳои фарҳангӣ бо камераҳои мушоҳидавӣ  пурра таъминанд.
Ба андешаи Нусратулло Саидов мақсади васл намудани камераҳои мушоҳидавӣ дар иншооту марказ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ- ин таҳти назорати пурраи фаврӣ қарор додани  шаҳри Душанбе мебошад. Ба таври фаврӣ муайяну ошкор кардани амалҳои содиршаванда ва ё дар нақша доштаи шахсони ҷиноятпеша тавассути дастгоҳҳои наворбардорӣ ба амнияти ҷомеа ва шаҳрвандон мусоидат мекунад.
Бахусус, дар бозору марказҳои савдо будани чунин дастгоҳҳои мушоҳидавӣ сари вақт ба ошкоршавии ҷиноятҳои дуздӣ кумак мерасонад. Чуноне зикр шуд, насби камераҳои мушоҳидавӣ метавонад содиршавии ҳар гуна амалу кирдорҳои номатлубро дар ҷомеа пешгирӣ намояд.
Имрӯзҳо, ки афроди бадхоҳу ихтилофҷӯ мехоҳанд бо амалҳои ифротгароёнаи худ дар ҷомеа таблиғоту ташвиқоти ботилро дар шакли варақаҳои тарғиботӣ  амалӣ созанд, боварӣ аст, ки фаъолияти ин дастгоҳҳои мушоҳидавӣ ба амалишавии мақсадҳои нопоки ин гуна афрод халали ҷиддӣ расонида, онҳоро ноком месозад. Имрӯзҳо дар қатори дигар иншооти муҳими фарҳангию маъмурӣ тамоми атроф ва дохили масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеи шаҳри Душанбе бо таҷҳизоти наворбардорӣ таъмин  шудааст. Хуб мешуд шаҳрвандон низ атроф ва даромадгоҳҳои биноҳои истиқоматии хешро бо чунин дастгоҳҳои наворбардорӣ таъмин мекарданд, то ҳар гуна нияту амале, ки аз ҷониби шахсони бадсиришт эҳтимоли ба вуқӯъ омаданро дорад, сари вақт пешгирӣ  мешуд.

Октябрь 10, 2014 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд