Конститутсия — Қонуни асосии давлат
Душанбе, 23.10.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Конститутсия аз калимаи лотинии constitution гирифта шуда, маънояш қонун, сохтор, тартибот, муайянкунӣ мебошад. Конститутсия қонуни асосии давлат буда, қувваи олии ҳуқуқӣ дорад. Дар он сохтори давлатию ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, низоми интихобот, принсипҳои ташкил ва фаъолияти мақомоти давлатӣ ва дигар муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ таҳкими худро меёбанд.
Имсол аз қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 сол сипарӣ мешавад. Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни олии мамлакат буда, нисбат ба дигар қонунҳо бартарии пурраи худро дорад.
Гуфта мешавад, ки инкишофи Конститутсия бо рушди Тоҷикистон алоқаманд аст. Мавриди зикр аст, ки дар Тоҷикистон панҷ Конститутсия дар солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994-ум қабул гардидааст. Аз ин конститутсияҳои қабулгардида танҳо Конститутсияи соли 1994-ум қабулшуда Конститутсияи давлати мустақил мебошад, ки он рӯзи 6-уми ноябри соли 1994-ум дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудааст.
Дастоварди бузурги даврони истиқлолият ин дар сатҳи Конститутсия эътироф гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад, ки он аз ҷониби тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла ҳокимияти судӣ ҳифз мешавад.
Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсонро арзиши олӣ эътироф намудааст, ки ин меъёрҳо яке аз асосҳои сохтори конститутсионӣ дониста шудаанд ва нишондиҳандаи муҳимтарини моҳияти демократии давлат ба шумор мераванд.
Дар Конститутсияи амалкунанда тамоми меъёрҳои зиндагии ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ таҷассум ёфтааст, ки ҳамаи онҳо дар маҷмӯъ ҷавобгӯи талаботи замон мебошанд.
Аз ҷумла садоқат ба ғояҳои олии башардӯстона, меъёрҳои ҳуқуқи байналмиллалӣ ва ҷомеаи озод, ҳифз ва ҳимояи истиқлолияти сиёсиву иқтисодии давлат, таъмини ҳаёти осоишта ва шоистаи шаҳрвандон, волоияти қонун дар ҷомеа, дарки масъулият дар назди наслҳои имрӯзу оянда, пешбурди сиёсати сулҳҷӯёна ва эҳтироми истиқлолияти сиёсӣ ва тамомияти арзии дигар давлатҳои ҷаҳон, принсипҳое мебошанд, ки бо иродаи тамоми мардуми Тоҷикистон дар Конститутсия таҷассум ёфтаанд.
Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътирофу сабти асли соҳибихтиёрии мардуми Тоҷикистон шурӯъ шуда, халқи Тоҷикистон бо назардошти воқеияти таърихй сарнавишти худро муайян карда, давлатдории худро тақвият мебахшад. Дар асоси Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шаҳрвандон дар умури сиёсй бидуни ҳеч гуна монеа метавонад ширкат варзанд ва озодона изҳори ақида намоянд. Дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Олй шаҳрвандон озодона ширкат меварзанд.
Мавриди зикр аст, ки Конститутсия — Қонуни асосии давлат буда, он эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат буда, асосҳои низоми сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлатро муайян намуда, ҳолати (статуси) давлати ҳуқуқбунёд, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои инсон ва шаҳрвандро муқаррар намудааст. Тибқи он Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор медонад, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк менамояд, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас мешуморад, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф намуда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор додааст.
Бояд гуфт, ки мардуми соҳибтамаддуни тоҷик бо таърихи чандҳазорсолаи худ воқеан сазовори чунин Конститутсияи ифодакунандаи ҳама гуна нияту амалҳои поки миллат ва давлатӣ воқеан соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона гардиданд.
Рамзу нишони давлатӣ ва дигар муқаррароти Конститусияи Тоҷикистони азиз барои ҳамаи мо тоҷику тоҷикистониён мояи ифтихор ва муқаддас буд, ҳаст ва мемонад. Бошад, ки ояндаи фарзандони мо низ бо чунин санади олии ҳуқуқӣ ҷовидону нурафшон бошад.