Конститутсия мақоми Парлумонро мушаххас кард
Душанбе, 30.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 2014 аз санаи қабули он 20 сол сипарӣ мегардад, мақоми Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон -Маҷлиси Олиро мушаххас ва ҳамаҷониба муқаррар сохтааст. Маҳз бо қабули Қонуни асосии кишвар нахустин бор дар таърихи сиёсии Тоҷикистон Парламенти мустақил ва воқеӣ арзи ҳастӣ намуд, ки он таҷзияи ҳокимият дар сатҳи Конститутсияи мамлакат эътироф гардид. Гузашта аз ин, тағйироту иловаҳое, ки моҳи сентябри соли 1999 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуданд, ин мафҳумро такмил доданд ва дар ин замина шакли ду маҷлисаи касбию доимӣ таъсис ёфт. Ин тағйироту иловаҳо ба тарзи куллӣ мақоми конститутсиониву ҳуқуқии парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дигаргун намуданд.
Дар асоси тағйироту иловаҳо Маҷлиси Олӣ аз ду маҷлис — Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ташкил ёфта, бо ҳамин аз сохтори ягонаи нахустин — шӯроҳо ва баъд маҷлисҳо чун мақоми комилҳокимият даст кашид ва ин амал шакли ҳуқуқӣ пайдо кард. Конститутсия асосҳои ташкилӣ ва фаъолиятии принсипан нави Маҷлиси Олиро муқаррар намуд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мутобиқи консепсияи тақсимоти ҳокимияти давлатӣ ва робитаҳои мутақобилаи мақомоти он баррасӣ намуда, онро ҳамчун асоси бунёдии сохтори конститутсионӣ ва мақомоти мустақили намояндагӣ, ки ҳокимияти қонунгузориро ба амал меоварад, муаррифӣ мекунад.
Маҷлиси намояндагон доимӣ ва касбӣ буда, Маҷлиси миллӣ даъватӣ мебошад. Ҷараёни қонунгузорӣ дар Маҷлиси Олӣ — парламенти давлати демокративу ҳуқуқбунёд — дар асоси принсипи волоияти мақоми олии намояндагии ҳокимият дар фаъолияти қонунгузорӣ амалӣ мешавад. Ин, дар навбати худ, ба принсипи тақсимоти рукнҳои ҳокимият мувофиқат менамояд. Мутобиқи моддаҳои 56 ва 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳияти ҳар ду Маҷлис муқаррар шудааст.
Дар интихоботи парлумонии рӯзи 28 феврали соли 2010 намояндагони панҷ ҳизби сиёсии Тоҷикистон вориди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуданд. Дар ин интихобот аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон — 44 намоянда, Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон — 2 намоянда, Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон — 2 намоянда, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон -2 намоянда ва Ҳизби Аграрии Тоҷикистон — 2 намоянда соҳиби курсиҳои Маҷлиси намояндагон шуданд.
Волоияти қонун унсури асосии ҳуқуқии давлат
Мувофиқи банди 1 моддаи 59 ва банди 1 моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст, ки лоиҳаи қонунҳо ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мешаванд ва қонунҳоро Маҷлиси намояндагон қабул мекунад. Волоияти қонун дар ҷомеа унсури асосии ҳуқуқии давлат аст. Ҳар ду палатаи Маҷлиси Олӣ дар фаъолияти қонунгузориашон иртиботи мустақим ва доимӣ доранд.
Таъсиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми намояндагӣ ва қонунгузор, ки дар қатори беҳтарин дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, дар таърихи сохти давлатдории ҷумҳурӣ на танҳо бо шаклу сохтори худ нав ва фарқкунанда мебошад, балки бо моҳияту ҳадафҳои дар пеш гузошташудааш, ҳамчунин бо мақоми ишғолкардааш дар таҳкиму бақои сохти давлатдории навини тоҷикон ҷолиб ва қобили таваҷҷуҳ аст. Ташкили Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — ин шакли дупалатагии мақомоти қонун ҳамчун ҷамъбаст ва натиҷаи истиқрори сулҳ, ризоияти миллӣ ва ваҳдати миёни тоҷикон зоҳир гардида, аз нахустин рӯзҳои фаъолияташ дар қатори вазифаҳои касбии худ — амри қонунгузорӣ ва намояндагӣ -ҷиҳати таҳкими бунёди сулҳу ваҳдати миллӣ, ризоияти ҷомеа густариши ҷараёни демократикунонӣ хидматҳои арзишманде ба анҷом расондаанд. Маҷлиси Олӣ тибқи тағйироту иловаҳои Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси раъйпурсии умумихалқӣ ба ин қонуни асосӣ ворид шуданд, таъсис ёфт.
Таъсиси парламенти касбӣ ва доимӣ на танҳо тақозои замон, истиқрори сулҳ ва ҳаёти осоишта дар сарзамини тоҷикон мебошад, балки шаҳодати он аст, ки миллати бофарҳанги тоҷик дорои арзишҳои бузургу муқаддаси таърихии фарҳангӣ ва давлатдорӣ мебошад. Таъсиси ин мақом ҳамчунин далели он аст, ки арзишҳои демократӣ низ барои тоҷикон падидаи нав набуда, решаҳои амиқи эътирофшудаи таърихӣ доранд.
Маҷлиси намояндагон касбӣ буданашро собит сохт
Маҷлиси намояндагон дар тӯли 14 соли фаъолияташ дурустӣ, саривақтӣ ва ба талаботи давру замон мутобиқ будани таъсиси парламенти касбиро собит намуд. Фаъолияти Маҷлиси намояндагон яке аз омилҳои муҳими эъмори ҷомеаи дунявиву демократӣ ва ҳуқуқбунёду ягона ба шумор рафтани қонун ва волоияти онро собит намуд. 28 феврали соли 2010 дар асоси талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва риояи меъёрҳои бисёрҳизбиву бисёрномзадӣ интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид ва дар он 63 нафар вакил ба ин мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор интихоб шуд.
Дар интихоботи мазкур беҳтарин намояндагони мардум ҳамчун вакилони Маҷлиси намояндагон пешбарӣ гардиданд, ки аксари онҳо шахсиятҳои дар ҷумҳурӣ шинохта, дорои савияи баланди касбӣ ва малакаю таҷрибаи кор буда, аз тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар намояндагӣ мекарданд. Доираи тахассусии вакилон ҳуқуқшиносон, иқтисодчиён, ходимони соҳаи тиб ва маориф, муҳандисон ва намояндагони ихтисосҳои дигарро фаро мегирад. Фаъолияти намояндагӣ, қонунгузорӣ ва байнипарламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум дар асоси талаботи Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститусионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба фаъолияти Маҷлиси намояндагон амалӣ карда шуд.
Парлумони касбӣ зуҳуроти низоми ҷомеаи муосир
Таъсиси парламенти касбӣ яке аз зуҳуроти низоми демократии давлатдории навини мо мебошад, ки он дар таҳияву қабули қонунҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон нақш ва мақоми муайянкунанда дорад. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум барои ворид шудани ҷараёни рушду нумӯи тамоми бахшҳои ҷомеа ба марҳилаи нав, волоияти қонун ва инкишофи парламентаризми тоҷик мусоидат намуда, бо фаъолияти намояндагиву қонунгузорӣ ва байнипарламентии худ дар миёни аҳли ҷомеаи кишвар ва берун аз он сазовори мақоми мустаҳкам гардид. Дар солҳои гузашта, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми бахшҳои ҷомеа ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Қобили тазаккур аст, ки дар тамоми комёбиҳо ва пешравиҳои соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар нақши Маҷлиси намояндагон, қонуну қарорҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулкардаи он равшан аён аст. Имрӯз кишвари тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ ва байнипарламентӣ дар баробари дигар дастовардҳои даврони истиқлолият бо парламент ва қонунҳои замонавиаш мешиносанд ва эътироф менамоянд.
Самтҳои фаъолияти палатаи поёнии Парлумони кишвар
Фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ мутобиқи санадҳои мазкур дар се самти асосӣ ҷарён гирифт:
1. Фаъолияти қонунгузорӣ: таҳия, баррасӣ ва қабули қонунҳо, қабул ва тасдиқи дигар ҳуҷҷатҳои меъёрю ҳуқуқӣ.
2. Фаъолияти намояндагӣ: мулоқот бо интихобкунандагон, баррасии арзу шикоят, муроҷиат ва дигар пешниҳодот.
3. Робитаҳои байнипарламентӣ ва хориҷӣ. Бояд зикр кард, ки фаъолияти Маҷлиси намояндагон дар бахшҳои номбурда дар савияи баланди касбӣ ва дар асоси талаботи меъёрҳои муқарраршуда сурат гирифт.
Яке аз бахшҳои асосии фаъолияти Маҷлиси намояндагон дар давоми даъват аз қабули қонуну қарорҳо ва дигар санадҳои муҳиме иборат буд, ки аз ҷониби субъектҳои ташаббуси қонунгузор пешниҳод мегардиданд. Лоиҳаи қонунҳо мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 54 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлиси вакилони халқи Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон пешниҳод шудаанд.
Бо боварӣ метавон гуфт, ки тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар ҷараёни даъвати чорум қабулшуда барои пешрафти ҳарчи бештари ҷомеаи кишварамон заминаи комилан мусоидат фароҳам оварданд. Фаъолияти қонунгузорӣ ҳамчун бахши асосии фаъолияти Маҷлиси намояндагон аз қабули қонуну қарорҳо ва дигар санадҳои муҳиме иборат аст, ки ҷиҳати инкишофи ҳарчи бештари тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳуриамон мусоидат менамоянд. Лоиҳаи қонунҳо мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 54 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегарданд.
Маҷлиси намояндагон самараи истиқрори сулҳ
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун самараи Созишномаи истиқрори сулҳи миёни тоҷикон, нахустин парламенти касбии тоҷик ва мактаби навини намояндагӣ ва қонунгузорӣ зуҳур намуда, ҷиҳати ҳарчи бештар таҳким бахшидани пояҳои сулҳу ваҳдати миллӣ ва рушду нумӯи тамоми бахшҳои ҷомеаи Тоҷикистон саҳми арзанда гузошт. Вай ҷиҳати ба марҳилаи нав ворид гардидани рушду такомули ҷомеа дар асоси принсипҳои ҳуқуқбунёдӣ мусоидат намуд, дар амри ҳарчи бештар риоя шудани волоият ва эҳтироми қонун дар ҷомеа заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард. Вай на танҳо дар муносибатҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ марҳилаи нави ҳуқуқиро эҷод кард, балки дар шинохт ва эътирофи ҳарчи бештари Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона аз ҷониби аҳли ҷомеа саҳми шоиста гузошт. Ин мақом ҳамчун мақоми намояндагӣ бо оммаи васеи ҷомеаи Тоҷикистон фарогири робитаҳои мутақобила гардид. Вай ҳамчунин бо аксари мақомоти давлативу ҷамъиятӣ, хусусан шохаҳои дигари ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати арзёбии сифати қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, мавриди амал қарор гирифтани қонунҳо ва дигар махсусиятҳои марбут ба қонунҳо робитаҳои корӣ барқарор намуд.
Ҳамкорӣ бо созмон ва парлумонҳои ҷаҳон
Бо таъсиси Парлумони дупалатагӣ дар Тоҷикистон равобити байнипарлумонии кишвари мо бо созмон ва парлумонҳои ҷаҳон тақвият ёфт. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти чандин созмони байнипарламентӣ пазируфта шудааст, ки ин амр дар густариши парламентаризм дар кишвари мо мусоидати комил менамояд. Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи байнипарламентии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, Иттиҳоди парламентии кишварҳои аъзои Конфронси исломӣ, Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё, Иттиҳодҳои парламентҳои Осиё барои сулҳ дар шумори он созмонҳое ҳастанд, ки Парламенти Тоҷикистон ба узвияти онҳо пазируфта шудааст. Ҳамчунин гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон Латвия, Озарбойҷон, Туркия, Беларус, Югаславия, Покистон, Эрон, Қувайт, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Корея, Чин, Ҳиндустон, Ҷопон ва дигар кишварҳои ҷаҳон ташкил ёфтаанд.
Дар Маҷлиси намояндагон қонунҳое таҳия ва қабул шудаанд, ки бо қонунҳои намунавии қабулнамудаи Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ мутобиқат менамоянд. Дар навбати худ Маҷлиси намояндагон низ муаллифи чандин қонунҳое мебошад, ки ин созмони байнипарламентӣ қабул намуда, ҳамчун намуна ё қонунҳои моделӣ ба парламентҳои миллии кишварҳои аъзои ИДМ тавсия кардааст. Чанде аз вакилони Маҷлиси намояндагон барои фаъолияти хуби байнипарламентӣ бо ордену медалҳо ва ифтихорномаҳои Ассамблеяи Байнипарламентии ИДМ сарфароз гардидаанд. Фаъолияти Маҷлиси намояндагон дар доираи Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Дастури Маҷлиси намояндагон ва дигар қонунҳое, ки аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, амалӣ мешавад.