Кумаки хайриявии «Амонатбонк» ба ятимон
Душанбе, 7.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).-Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бахшида ба Иди Қурбон ба тарбиятгирандагони мактаб-парваришгоҳи ятимону бепарасторони рақами 1-и шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ кумаки молиявӣ расонд.
Дар ин мактаб-парваришгоҳ 1265 кӯдаку наврас таълими илм мегиранд, ки аз ин шумора як қисми муайянашон ятими кулл мебошанд.
Бояд гуфт, ки БДА ҶТ «Амонатбонк» бо супориши Ҳукумати мамлакат сарпарастии мактаб-парваришгоҳи мазкурро ба зимма гирифта, дар ҳар иду арафа кумакҳои пулию молӣ мерасонад. Ин навбат низ ба маблағи 16 ҳазору 190 сомонӣ маводи хӯрока ва 6 кати дуқабата барои ҷои хоб бурда расонида шуд.
Тибқи иттилои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» аз соли 2007 то инҷониб бонк ба ин мактаб-парваришгоҳ ба маблағи беш аз 63 ҳазор сомонӣ кумакҳои гуногун расонидааст.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






