Курсҳои байналмилалии мураббиҳои дастаҳои футбол

Октябрь 17, 2014 12:27

Душанбе, 17.10.2014. (АМИТ «Ховар», Пайрави Қосим). – Имрӯзҳо дар  шаҳри  Душанбе   курсҳои   даҳрӯзаи  байналмилалии  мураббиҳои  дастаҳои  футбол  аз  рӯи  барномаи  ҳамоҳангсозии  олимпӣ  идома  доранд.
Тавре  ки  аз  Кумитаи  миллии  олимпии  Тоҷикистон   хабар  доданд, футболбози  номӣ,  бозингари беҳтарини  таърихи  футболи Беларус собиқ қаҳрамони  Аврупо  дар  ҳайати  дастаи  мунтахаби  ИҶШС,  собиқ  ниммуҳофизатгари  дастаи  «Динамо» — и  шаҳри  Минск  ва  дастаи  «Ювентус» —  Италиё  Сергей  Алейников  роҳбари   курсҳои  зикршуда ба  шумор  меравад. 
Курсҳои байналмилалии  мураббиҳои  дастаҳои  футбол  бо  ибтикори Кумитаи  миллии олимпии  Тоҷикистон  ва Федератсияи  футболи  кишвар роҳандозӣ  шуда,  25  нафар  мураббиҳои бахши  футболи   минтақаҳои  мухталифи  ҷумҳурӣ  шунавандагони он  мебошанд.
Дар  маросими  ифтитоҳи  курсҳо  дабири  кулли Кумитаи  миллии олимпии  ҶТ  Баҳрулло  Раҷабалиев  ва  дабири  кулли  Федератсияи  футболи  Тоҷикистон  Ислом  Маҳмадшоев  ба  Сергей  Алейников барои  ризоияташ ба  доир  намудани   курсҳои байналмилалӣ  изҳори  миннатдорӣ  карданд. 
Б.Раҷабалиев ва  И.Маҳмадшоев  изҳори  умедворӣ  намуданд, ки  мураббиҳои бахши  футбол  донишҳои   дар  курсҳо  бадастовардаашонро  дар  фаъолияти  минбаъдаашон  истифода  хоҳанд  кард.

Октябрь 17, 2014 12:27

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад