М. Убайдуллоев бо роҳбарони баландпояи Русия мулоқот менамояд

Октябрь 21, 2014 11:16

Душанбе, 21.10.2014.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).- 21 октябр ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Маҳмадсаид Убайдуллоев -раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маскав рафт. Ҳадафи сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Русия ширкат дар Форуми чоруми байнипарлумонии «Русия -Тоҷикистон: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» ва конфронси сеюми ҳамкории иқтисодии байниминтақавии Тоҷикистон ва Русия аст. 
Интизор меравад, ки дар доираи  ин чорабиниҳо Маҳмадсаид Убайдуллоев бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон ва  иттиҳодияҳои ҷамъиятии муқими Федератсияи  Русия, инчунин бо Валентина Матвиенко — раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия, Сергей Наришкин — раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия, Игор Шувалов — муовини аввали раиси Ҳукумати Федератсияи Русия, Сергей Собянин — мири шаҳри Маскав ва Андрей Воробёв — губернатори вилояти Маскав мулоқот ҳоҳад кард.   
 
 

Октябрь 21, 2014 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад