Маҳдудияти неруи барқ дар баъзе манотиқ

Октябрь 2, 2014 17:09

Душанбе, 2.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).-Аз   1-уми  октябр дар Тоҷикистон маҳдудияти истифодаи неруи барқ ҷорӣ шуд, ки ин ба пойтахт ва марказҳои маъмурии вилоятҳо ва навоҳии кишвар дахл надорад. «Аммо нақшаи аниқи маҳдудият барои истифодабарандагони барқ дар минтақаҳои кишвар тасдиқ нагардидааст»,- мегӯяд сухангӯи ширкати “Барқи Тоҷик” Нозирҷон Ёдгорӣ. 
Ба гуфти    Нозирҷон Ёдгорӣ, лимити барқи имсоларо низ на бо соат, балки бо киловатт-соат ҳисоб хоҳанд кард. Ҳадафи ҷорӣ кардани лимит  ҳифзи оби обанбори Норак — манбаи асосии тавлиди барқи Тоҷикистон дар сурати сард омадани фасли сармост. 
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар обанбори НБО Норак сатҳи ҷараёни оби дарёи Вахш имсол нисбат ба соли гузашта паст аст. Маҷрои об дар обанбори он ҳоло 447 метри мукааб дар сонияро ташкил медиҳад. Дар ҳоле ки як сол пеш дар чунин давра он 547 метри мукааб дар сония будааст. Аз ин рӯ, лимит аз ҳоло ҷорӣ шуд, то дар зимистон мардум бебарқ намонад. 
Хотиррасон мекунем, ки тибқи анъана лимити барқ ҳар сол аз моҳи октябр дар тамоми ноҳияҳои берун аз пойтахт ба ҷуз аз марказҳои маъмурӣ ва шаҳрҳо ҷорӣ мешавад.  
 
 
 
 
 
 
 
 

Октябрь 2, 2014 17:09

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад