Маликаи Дания ба Тоҷикистон меояд
Душанбе, 22.10.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Имрӯз, 22 октябр, Улёҳазрат Маликаи Дания Мария ба Тоҷикистон меояд. Дар ҷараёни нахустташрифи Малика ба Тоҷикистон чанд мулоқот дар сатҳи баланд баргузор мешавад.
Тавре ки аз Намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Малика Мария аз бархе муассисаҳои тиббӣ дидор карданист. Аз ҷумла, 23 октябр маросими боздид аз Маркази захиравии омӯзишии назди Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти илмии педиатрия, Маркази офиятбахшии кӯдакон воқеъ дар ноҳияи Варзоб дар назар аст. Худи ҳамон рӯз Малика Мария дар маросими хидматрасонии тиббӣ ба кӯдакони мубталои бемории полиомиелит иштирок менамояд.
24 октябр Маликаи Дания аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино, Маркази тандурустии ноҳияи Ваҳдат ва Маркази миллии солимии репродуктивӣ дидор мекунад.
Мувофиқи суханони манбаъ, ҳангоми дидор аз муассисаҳои тиббии кишвар Маликаи Данияро директори минтақавии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Жужжанна Якаб ҳамроҳӣ мекунад.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






