Марказҳои тестӣ муҳоҷирон дар Рязан

Октябрь 21, 2014 11:31

Душанбе, 21.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло  Тоирӣ). – Чанде  пеш кормандони  Намояндагии  Вазорати  меҳнат,  муҳоҷират  ва  шуғли  аҳолии  ҶТ  дар  ФР  оид ба  муҳоҷират аз  маркази тестӣ ва  бархе иншоотҳои  сохтмонии  шаҳри  Рязан  боздид  намуданд.
Дар   ҷараёни  суҳбат бо  муҳоҷирони  меҳнатии  Тоҷикистон  дар  яке  аз  иншоотҳои  сохтмонӣ  маълум  шуд, ки беш  аз 300  нафар  сохтмончиёни  тоҷик  дар  иншоотҳои  Ҷамъияти   масъулияташ  маҳдуди «Лидерстрой» кор  мекунанд.  Ҳамаи  коргарони   ширкати  мазкур  барои  будубош  ва фаъолияти  меҳнатиашон  бо ҳуҷҷатҳои  зарурӣ  таъмин  шудаанд. 
Кормандони  намояндагӣ  аз  навигариҳои  қонуни  федералии  муҳоҷирати  Русия муфассал  нақл  карда,   зикр  намуданд, ки  аз  1  январи  соли  2015  талабҳои  нав  ба  мавқеи  иҷро  мерасанд. Дар  асоси  ин  талабҳо шаҳрвандони  хориҷӣ,  аз ҷумла шаҳрвандони  Тоҷикистон  ҳангоми  гирифтани  ҳуҷҷатҳои  иҷозавӣ  барои  фаъолияти  меҳнатӣ   бояд иҷозатнома дар  бораи  донистани  забони русӣ,  асосҳои  қонунгузорӣ  ва таърихи  Русияро  пешниҳод  намоянд.
«Алҳол  дар  шаҳри  Рязан  чор  маркази  тестӣ фаъолият  дошта,  ҳамаи  онҳо  ба қабули  имтиҳонот омодаанд»,  гуфт  дар  ҷараёни  вохӯрӣ  бо  кормандони  намояндагӣ  директори  Маркази  тестии  назди Донишгоҳи давлатии ба  номи академик  П.И.Павлов  Галина  Корнева.
Дар  ин  бора  котиби  матбуоти  Намояндагии  ҶТ  дар  ФР Иброҳим  Аҳмадов  хабар  дод. 

Октябрь 21, 2014 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад