Муҳокимаи масоили ҳамкории Русия ва Тоҷикистон
Душанбе, 09.10.2014. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). — 7 октябр дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи якуми клуби матбуотии «Суғдиён» дар мавзӯи «Масоили муҳими ҳамкории Русия ва Тоҷикистон дар фазои АвруОсиё баргузор гардид.
Тавре ки аз Намояндагии Созмони ғайритиҷоратии Бунёди рушди «Пажӯҳишгоҳи таҳқиқи АвруОсиё» — и Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни ҷаласа масоили ҳамкории байниминтақавӣ дар бахши таҳсилоти касбӣ, муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, соҳаҳои иттилооту коммуникатсия, ҳамчунин дурнамои рушди равобити мустақими иқтисодии ниҳодҳои Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи созишномаҳои дуҷониба баррасӣ шуданд.
Ба муҳокимаи масоили аз ҳамкорӣ дар фазои АвруОсиё сари вақт ва муфассал воқиф намудани аҳолии ҳар ду кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.
Тасмим гирифта шуд, ки моҳе ду маротиба ҷаласаи клуб доир карда шавад.
Клуби матбуотии «Суғдиён» — ро Намояндагии Созмони ғайритиҷоратии Бунёди рушди «Пажӯҳишгоҳи таҳқиқи АвруОсиё» — и Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода ва он бо дастгирии рӯзномаи вилоятии «Согдийская правда» фаъолият дорад. Мақсади асосии фаъолияти клуби матбуотӣ иборат аз муттаҳид сохтани ҷамоаи журналистон ба манзури таълиму табодули таҷриба, ҳамкорӣ бо намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, беҳдошти сифати воқифияти аҳолии Русия ва Тоҷикистон аз вусъати раванди ҳамгироии АвруОсиё мебошад.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






