Муҳокимаи масоили муҳоҷирати ғайриқонунӣ

Октябрь 2, 2014 12:03

Душанбе, 02.10.2014. (АМИТ «Ховар», Фарзона  Достонзода). — 1  октябр  дар  шаҳри  Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамгироии  роҳбарони мақомоти  салоҳиятдори  давлатҳои  узви СААД аз рӯи  масоили  мубориза бо  муҳоҷирати  ғайриқонунӣ  баргузор  гардид.
Тавре  ки   аз  СААД  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд,  дар  ҷаласа  роҳбарони  мақомоти  салоҳиядори давлатҳои  узви  СААД  оид ба   масоили  мубориза бо  муҳоҷирати  ғайриқонунӣ,  ҳамчунин  намояндагони Хадамоти  танзимотии Шӯрои  фармондеҳони қӯшунҳои  сарҳадии  ИДМ  ширкат  доштанд.
Дар  ҷараёни  ҷаласа ҳамчунин  масоили муносибати  нав  ба  ташкили  кор   барои  муқовимат  ба  муҳоҷирати  ғайриқонунӣ  ва  танзими он  тибқи  қонуну  меъёрҳои ҳуқуқӣ  мавриди  муҳокима  қарор  гирифтанд.
Зикр  шуд, ки Шӯрои ҳамгироӣ  усулҳои  амалии  ташкили  ин  корро  тарҳрезӣ  намуд, ки он  ба  тайи  7 соли охир  муваффақона  роҳандозӣ  шудани  чорабиниҳои фаврии ҷилавгирӣ ва  амалиёти  махсус  барои  муқовимат  ба  муҳоҷирати  ғайриқонунӣ,  аз ҷумла  одамрабоӣ таҳти  унвони  шартии «Нелегал»  мусоидат  намуд.

Октябрь 2, 2014 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад