Муаррифии «Исёни ғурур»- и Давлат Сафар

Октябрь 1, 2014 16:57

Душанбе, 1.10.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрӯз бо ташаббуси Вазорати фарҳанг ва  Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар китобхонаи миллӣ рӯнамоии китобҳои адиби шинохати тоҷик Давлат Сафар- «Исёни ғурур» ва Девони ашъор» баргузор шуд.
Дар маҳфил адибону донишмандон, дӯстдорони каломи бадеъ ва доираи васеи рӯзноманигорон ширкат варзида, доир ба шеъру ашъори беназири шоири ширинкалом Давлат Сафар Сухан гуфтанд.
Гуфта  шуд, ки шеъри Давлат Сафар бо равонию тозагии маънӣ аз дигар адибон бартарӣ дорад ва ҳаёти имрӯзаро инъикос мекунад.
Зикр гардид, ки «Девони ашъор»- Давлат Сафар дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо хати форсӣ рӯи чоп омадааст. Гуфта шуд, ки ин иқдоми нав барои муаррифии насли нави адибон дар кишвари мазкур аст.
Ёдрас мешавем, ки Давлат Сафар 8-уми марти соли 1971 дар оилаи бинокор ба дунё омадааст. Соли 1988 баъди хатми мактаби миёна таҳсилро дар факултаи химия-биологияи Донишгоҳи омӯзгории ба номи Қ. Ҷӯраев идома медиҳад. Соли 1992 дар телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси ёвари коргардон фаъолиятро оғоз карда, сипас ба ҳайси муҳаррир , сармуҳаррири идораи «Омӯзиши афкори умум», «Сиёсӣ», ва «Ахбор» кор кардааст. Солҳои 2007-2011 ба ҳайси муовини аввали директори шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон , аз соли 2011 то 2013 дар вазифаи директории генералии КВДКВ  «Тоҷиккино» кор карда, дар айни ҳол сардори шуъбаи табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанг мебошад.
Ӯ муаллифи маҷмӯаҳои ашъори «Пайғоми ашк» (1998), «Шеъри гаҳвора»(с. 2010), «Шаҳбол» (с.2010) буда, аз соли 2010 узви Иттифоқи нависандагон, барандаи ҷоизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ва ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ, ҳамчунин дорандаи медали «Хизмати шоиста», нишонҳои Аълочии телевизион, матбуот ва фарҳанг мебошад.   
 

Октябрь 1, 2014 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад